Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мушкил мебошад. Чунки захираҳои моддӣ на ҳама вақт талаботро миқдоран ва сифатан қонеъ карда метавонанд. Бинобар ин асоси чунин ҳокимиятдорӣ низ маҳдуд мебошад.
Яке аз шакли захираи ҳокимиятдорӣ, ин доштани алоқа бо шахсони волоҳиммате мебошад, ки беҳтаршавӣ дар дасти онҳо аст.
Дар корхонаҳо аксар вақт нақшаи ҳокимияти воқеиро ёрдамчиён ва котибони роҳбарони калон мебозанд ва дар бисёр маврид роҳбарон ба фикру ақидаи онҳо ризо мешаванд, чунки онҳо боварии шахсии роҳбарро соҳиб гаштаанд.
Дар шароити имрӯза яке аз захираи муҳими ҳокимиятдорӣ ин ахбор мебошад. Шахсе, ки ахбори аниқ ва дуруст дорад, метавонад дар фаъолияти корӣ шарту шароитҳои худро ба миён гузорад. Бинобар ин дар ташкилотҳо барои ба даст овардани ахбор, бо мақсади ҳимояи ҳар як субъект муборизаи шадид бурда мешавад. Ба ин монанд шахсоне, ки новобаста ба вазифадориашон аз хизматҳои компютерӣ истифода карда метавонанд, ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, ба роҳбарон барои қабули қарор фикру андешаҳо пешниҳод карда, роҳҳои иҷрои онро нишон медиҳанд. Ҳамин тариқ соҳиби ҳокимияти ғайрирасмие мегарданд, ки барои ба мақсадҳои худ расидан ба онҳо кӯмак мерасонанд.
- Асоси дигари ҳокимият ин итоатгарии як гурӯҳи одамон бо хоҳиши худ ба гурӯҳи дигар мебошад. Чунин итоаттарой се сабаб дорад:
❖ анъана;
❖ қобилияти илоҳӣ;
❖ боварии шахсӣ.
Анъана — ин хислати аз насл ба насл гузаштани итоатгарой аст. Асоси чунин ҳокимиядорӣ мустаҳкам ва боваринок мебошад.
Бояд қайд кард, ки мардуми тоҷик аз қадиммулайём чунин боварӣ ба роҳбарон, пешвоёни худ доштанд, ки то имрӯз дар аксар рафторҳои онҳо дида мешавад. Камбудии ин асос дар он аст, ки дар одамон - махсус роҳбарон хислати кӯҳнапарастӣ пайдо сохта, имкон намедиҳанд, ки итоаткунандагон иқтидори эҷодии худро кушода амалӣ намоянд. Чунин тарзи ҳокимиятдорӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор