Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

расми роҳбаронашон мувофиқат намоянд. Масъалаи аз ҳама муҳим дар чунин шакли ҳокимиятдорӣ ин тақсимоти меҳнат мебошад, ки дар соҳаи идоракунӣ ба махсусгардонии амиқи вазифаҳои иҷрокунандагон, аз байн рафтани алоқаи фаъолияти онҳо ба натиҷаи охирони меҳнат, пайдоиши масофа байни вазифадорон дар ташкилотҳои ҳарбӣ бошад, аз рӯи нишонаҳо ва рутбаҳо оварда мерасонад.

Ҳисоб карда шудааст, ки имрӯзҳо ҳокимияти маъмурӣ ба мақоми роҳбар 2/3 ҳиссаи таъсиррасониро медиҳад ва боқимонда ба дониш, сифатҳои шахсӣ ва корҷалонии роҳбар вобаста мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳониён нишон медиҳад, ки дар шароити имрӯза ҳокимияти маъмурӣ ғайрисамаранок буда, танҳо дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнатро таъмин мекунаду халос.

Сабабҳои паст гаштани самаранокии ҳокимияти маъмурӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Агар одамонро дар натиҷаи рафтори ғайриинномавӣ дастгир намоед, тарс онҳоро то андозае маҷбур месозад, ки ба корҳои ношоиста даст зананд, бинобар ин барои иҷрои ин кор системаи пуркуввати назоратӣ ҷорӣ кардан мувофиқи мақсад аст.

  2. Ҳанӯз аз давраи ҷамъияти ғуломдорӣ маълум гардида буд, тарс ҳавасмандиро ба натиҷаи кор таъмин карда наметавонад, ҳавасмандӣ нисбат ба меҳнат дида намешавад, ҳамкорӣ, эҷодкорӣ ба миён намеояд. Аз тарафи дигар чунин ҳокимият ба худ муқобилиятро пайдо карда, одамон роҳҳои ҳимоят кардани худро ҷустуҷӯ карда, ҳаракат мекунанд, ки талаботашонро аз натиҷаи кор не, балки бо дигар роҳҳо таъмин намоянд. Ғайр аз ин чунин системаи ҳокимиятдорӣ дар замони демократия ва озодфикрӣ қобили қабул нест.

  3. Асоси дигари ҳокимият, ин моликиятдории захираҳо мебошанд, ки ба як субъект талабот дорад. Дар ин ҷо сухан дар бораи захираҳои моддӣ, пеш аз ҳамаи захираҳои пулӣ меравад. Барои ин захираҳоро ба даст овардан одамон бояд соҳиби ҳокимият бошанд. Ҳокимияте, ки барои беҳтаршавии аҳволи мардум кӯшиш мекунад, тез инкишоф меёбад. Аммо дар ин ҳолат хислат ва андозаи ҳавасмандиро барои субъекти идора муайян кардан

пешина
аз 465
навбатӣ