Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳокимияти воқеӣ аз дараҷаи эътироф намудани соҳиби вазифаи ҳокимият ва аз тарафи одамони муҳит, яъне аз муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмие, ки дар ташкилот вуҷуд доранд, вобаста аст. Дараҷаи ҳокимияти воқеӣ аз рӯи миқдори одамоне муайян карда мешаванд, ки ба шахси алоҳида ихтиёран хоҳиши итоат карданро доранд. Тайёр будан ба итоат кардан, ин фаҳмидан ва иҷро кардани супоришҳо вобаста аз фаҳмиши зеҳнӣ ва имкони ҷисмонии коргарон ва хислати ҳокимият, талаботҳои вай, меъёрҳо, инчунин сифатҳои шахсии шахси вазифадор мебошад.

Ҳудудҳои ҳокимияти расмӣ ва воқеӣ дар баъзе ҳолатҳо бо ҳам мувофиқ мебошанд. Аксари маврид соҳиби ин ҳокимиятҳо шахсони гуногун мебошанд.

Қобилияти истифодаи ҳокимият гуфта, дониш ва маҳорати идоракунӣ доир ба сохтори ташкилот, мақом ва алоқамандии гурӯҳ ва субъектҳои алоҳида, инчунин манфиати онҳо ва фаҳмиши стратегию тактикиеро меноманд, ки тавассути онҳо ҳокимият ва сарчашмаҳои ба даст овардашудан он нигоҳ дошта мешавад.

Якчанд асосҳои мавҷудияти ҳокимият вуҷуд дорад.

  1. Дар навбати аввал маҷбурсозӣ. Маҷбурсозии ҷисмонӣ, ё истифодабарии андозаи имкониятҳо. Албатта, чунин асоси ҳокимиятдорӣ ба давраи ғуломдорӣ ва феодалӣ рост меояд. Аз тарафи дигар, маҷбурсозӣ дар асоси қонун амалӣ мегардад ва барои иҷро накардани қонун ё итоат накардан ба он одамон ба ҷазо кашида мешаванд. Барои одамони оддӣ яъне коргарон ҷазоҳо, асосан, моддӣ ва маъмурӣ мебошанд, аз қабили маҳрум кардан аз мукофотҳо, имтиёзҳо, огоҳӣ, ҷарима. Барои роҳбарон бошад, зарари калон ҷазоҳои маънавие мебошанд, ки хатари аз вазифа рафтан, ё паст шудани обрӯю эътибори онҳоро доранд.

Ҳокимияте, ки дар асоси маҷбурсозии қонунӣ (аслан ҳокимият ин худаш маҷбурсозӣ мебошад), ё тибқи имконотҳо амалӣ мегардад, маъмурият номида шуда, дар шакли қонунӣ фаъолият мебарад. Хусусияти ҳокимияти маъмурӣ ин итоати кӯр-кӯрона ба роҳбар буда, ба муносибатҳо амали деперсонификатсионӣ дошта, ба ҷудо кардани одамон аз маҳсулоти истеҳсолкардаи худашон оварда мерасонад.

Чунин ҳокимият дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вуҷуд дорад. Асоси чунин шакли ҳокимиятдорӣ ин аст, ки фаъолияти онҳо ба талаботи

пешина
аз 465
навбатӣ