Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Имконоти зиддиятҳо ва итоат накардан. Ба ақидаи иштироккунандагони конференсияи XXI-ум оид ба «Идоракунии ҳаёт» (Венгрия, 1989 с.) роҳбароне, ки ба стратегияи глобалӣ нишонагирӣ доранд, бояд фарқияти одамонро оиди қобилияти қабули муносибатҳои ҳокимиятдорӣ ва қоидаҳои ташкилӣ, инчунин, муттаносибии қоидаи фардият ва ҷамъият, рақобат ва дӯстиро ба инобат гиранд.
-
Пурра ба даст нагирифтани доираи тамоми фаъолиятҳои ташкилӣ, хислат ва ҳаҷми вазифаҳо.
Ҳокимият дар натиҷаи роҳбарӣ дар шакли ҷамъи ҳуқуқҳо, мувофиқа будан ва пешвои амалӣ мегардад. Бо воситаи ҳокимият захираҳо тақсим ва аз нав тақсим карда мешаванд. Фаъолияти аъзоёни ташкилот барои ба даст даровардани мақсади умумӣ равона карда мешаванд.
Ҳокимият сифати воситаи пуркуввати ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, сарфакории хароҷотҳо вобаста ба мақсади амалӣ гаштани он мебошад.
Аз рӯи равия ҳокимият мешавад мусбат ва манфӣ. Ҳокимияти мусбат - созанда, барқароркунанда мебошад. Ҳокимияти манфӣ - нобудсозанда ва вайронкунанда, монеашаванда мебошад. Ҳокимияти манфӣ новобаста ба тартиботи сахти фаъолияташ поянда намебошад.
Ҳокимият шаклҳои ташкилии зеринро дорад:
♦ яккасардорӣ;
♦ коллективӣ;
♦ коллегиалӣ.
Ҳокимият фардӣ, яъне аз тарафи як шахс амалишаванда ва системавӣ мешавад, ки дар асоси талаботҳо, ҳуқуқу меъёрҳои барои ҳама қабулшуда, иҷрошаванда шуда метавонад. Илова бар ин ҳокимияти расмӣ ва воқеӣ мешавад:
Ҳокимияти расмӣ — ин ҳокимияти вазифадорӣ. Дар асоси вазифае, ки шахс дар ташкилот дорад, маҷмӯи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро ҳамчун қисми таркибии сохтории ташкилот иҷро менамояд ва бо сифати шахсии субъект вобастагӣ надорад. Ҳаҷми ҳокимиятдорӣ аз рӯи миқдори одамони бевосита ба шумо итоаткунанда, ё аз рӯи миқдори захираҳои дар ихтиёри шумо мавҷудбуда муайян карда мешаванд. Дар аксарияти мавридҳо вазифадорӣ ҳуқуқи беандоза намедиҳад, балки танҳо имкони онро медиҳад, ки иҷроиши функцияҳои муайянро назорат намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор