Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
шароити имрӯза ғайрисамаранок ва мақбул намебошад, чунки бо мурури замон метавонад, ҳатто ҳукмрониро ба арсаи нестӣ барад.
Қобилияти илоҳӣ — дар амалия баъзе одамоне пайдо мешаванд, ки қобилияти баланди илоҳии роҳбариро доранд ва бо тамоми нишонаҳои худдонишу заковат, кордонӣ, рафтору гуфтори худ аз дигарон болой доранд. Аз ин хотир дигарон доимо ба онҳо итоат ва бовар мекунанд. Чунин ҳокимиятдорӣ хеле кам ба чашм бархӯрда, асосан дар гурӯҳҳо, коллективҳои алоҳида ва давлатҳои хурд дида мешавад.
Чунин ҳокимиятдорӣ он қадар мустаҳкам намебошад, чунки баробари аз байн рафтани пешво ё шахси аввал система низ коста шуда аз байн меравад.
Боварии (эътимод) шахсӣ - шакли мустаҳкамии ҳокимиятдорӣ буда, одамон асосан ба қонунҳо, меъёрҳо, қоидаҳои мавҷуда бовар карда, фаъолияти худро ба он равона месозанд. Чунин ҳокимият ба системаи қатъии назорат ва ҳавасмандӣ зарурат надорад. Итоаткунандагон худашон дарк менамоянд, ки бояд ҳамаи рафтори онҳо мувофиқи талаботи роҳбарон ва ҳолати мавҷудбуда бошад. Пеш аз ҳама, ин рафтори бошуурона ва боақлона мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки одамон ба хотири боварии худ, бисёр молу мулк ва ҳатто ҷони худро нисор кардаанд.
Дар навбати худ боварии (эътимоди) шахсӣ хеле ҳам дер пайдо мегардад ва аз як қатор ҳолатҳои субъективӣ, пеш аз ҳама муҳити маънавӣ ва психологӣ дар ташкилот, дараҷаи боварӣ ба якдигар, дараҷаи маданӣ ва маърифатнокии одамон, ягонагии мақсади роҳбарон ва коллективи корхона вобастагӣ дорад.
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ боварии шахсӣ дар натиҷаи ҳамкории якҷояи коргарон ва роҳбарон пайдо мегардад. Иштирок кардан дар коркард ва қабули қарорҳои мувофиқи мақсад ва вазифаҳои ояндаи корхона — ба фаъолгардонии хубнишондодӣ ва эҷодкорӣ мебошад.
Мустаҳкамии ҳокимият ва бартарияти он аз шаклҳои дигар, ба як қатор ҳолатҳо вобаста буда, оҳиста-оҳиста тамоюли сустшавиро ба миён меорад. Ин раванд якчанд омилҳо дорад:
- Наздикшавии масофаи байни донишу малакаи роҳбар ва коргарон. Дар аввал дониш ва қобилияти роҳбар хеле баланд буда, маҳорату малакаи дигарон хеле қафо монда буд. Акнун бо гузашти вақт, сабабҳои физиологӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор