Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҷумла: идораи санитарию эпидемиологӣ, оташфишонӣ, банк, прокуратура, милитсия ва ғайра иҷро намоянд.
Амалӣ гаштани фаъолияти маъмурӣ-идоракунӣ бо якҷоягии усулҳои иқтисодӣ дар корхона имкон медиҳад, ки корхона корро самаранок ба роҳ монад. Талаботи асосии чунин як усули корни менеҷмент регламентатсия ва ахбори озоди фаъолияти маъмурӣ, аниқ, пурра ва асоси ҳуқуқӣ доштани рафторҳои маъмурӣ — ҳукмфармоии ҳар як роҳбари корхона ва инчунин ҷавобгарии аниқи иқтисодӣ доир ба натоиҷи иҷрои як қатор, ё худ фармони маъмурин ҳукмравой мебошанд.
Ҳамин тариқ, идоракунии иқтисодӣ ва маъмурӣ ахбори пурраро на фақат дар бахши идоракунӣ, балки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти корхона талаб менамояд.
Дар ҳама ҳолатҳо дар корхона мушкилоте пайдо мегарданд, ки онҳо манфиати ин ду усулро бар муқобили ҳамдигар қарор медиҳанд. Масалан, дар ҳолати ба ҳисоби пурраи хоҷагӣ гузаштани корхона аксари масоилҳои маъмурӣ ва идоракуниро худи коргар иҷро менамояд ва дигар зарурати идоракунии маъмурӣ боқӣ нахоҳад монд.
Дар ҳама ҳолат масъалаи асосӣ омӯзиш ва истифодаи роҳу усулҳое мебошад, ки коргаронро ҳавасманд намоянд ва барои баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, хуб шудани рафтор ёрӣ мерасонанд. Дувум ин, ки мо бояд шароити хуби психологию муносибатҳои коллективро муҳайё созем. Бинобар ин, омӯзиши масоилҳои инкишофи меҳнат, мотивация, ҳавасмандкунӣ, ҳамчун омилҳои таъсиррасонанда ба ҳолати иҷтимоӣ-равонии корхона маҷмӯи масоилҳое мебошанд, ки менеҷменти ҳозира бояд хуб аз худ намояд.
Бинобар ин, усули идоракунии менеҷмент дар замони ҳозира барои ташаккули коргари типи нав бояд равона карда шуда бошад ва аъзои эҷодкору серҳаракати коллектив бошанд. Ин усули фаъолияти менеҷментро, усули иҷтимою равонӣ ва тарбиявӣ меноманд. Ин усул асосан ба хислати идоракунии солҳои 70-90-уми асри XX рост меояд, ки асосгузорони он менеҷментони ҷопон мебошанд. Дар системаи идоракунии ҷопонӣ омили асосӣ ин мотиви меҳнатӣ мебошад. Таҷриба нишон дод, ки иштироки бевоситаи коргарон дар тақсимоти фоида, ҷавобгарии аниқ ба натиҷаи фаъолият, сифати маҳсулот,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор