Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

сохтори ташкилӣ ва идоракунии корхона;
ҷадвали штатии корхона;
дастурамал ва низомномаҳо дар бораи фаъолияти гурӯҳҳо ва шӯъбаҳои алоҳидаи корхона.

  1. Бамеъёргирии фаъолияти корхона. Ин фаъолият бо роҳи муайян кардани меъёрҳо ва қоидаҳое, ки ҳудуди фаъолияти корхона ва шӯъбаҳои онро нишон медиҳад, амалӣ мегардад. Асосан онҳо нишондиҳандаҳои миқдорӣ мебошанд. Ин унсури идоракунии маъмурӣ нисбат ба батанзимдарорӣ дида мураккаб буда, бевосита ба идоракунии иқтисодӣ равона карда шуда, ҳамчун нишонаяи танзимдарории фаъолият истифода карда мешаванд. Имрӯзҳо дар корхона бисёртар меъёрҳои коркард, хизматрасонӣ, меҳнатӣ ва ғайра муайян карда мешаванд, ки муносибатҳои идоракунӣ — иқтисодии байни объектҳои гуногунро ба танзим медароранд.

  2. Дастурӣ — маҷмӯи қоидаҳое мебошад, ки ҳар як аъзои корхона бояд онро бошад. Ин шакли таъсиррасонии маъмурӣ бевосита буда, қоидаи иҷрои кор, реҷаи корӣ, тарзи натиҷагирӣ, ҳолатҳои мушкилии корхона ва роҳҳои баромадан аз онро дарбар мегирад.

  3. Тавсири ҳукмфармой — дар натиҷаи фаъолияти ҳаррӯзаи кории маъмурияти корхона падид меояд. Ҳукмфармой метавонад хаттӣ ва даҳонӣ ба амал ояд. Он ҷараёни тайёрӣ, кор карда баромадан ва иҷроиши қарорҳо, фармонҳо, супоришҳо, резолютсияҳо мебошад. Ҳукмфармой метавонад вобаста ба дараҷа ва мавқеи вазифадории роҳбар гуногун бошад. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва гузаштан ба усулҳои гуногуни иқтисодӣ роҳбар — директори корхона қисме аз ҳукмронии худро гум мекунад. Яъне аксар фаъолиятҳои истеҳсолии ӯ ба ихтиёри иҷрокунандагон мегузарад ва дигар зарурати идоракунии маъмурӣ — фармондиҳӣ намемонад.

Аз тарафи дигар роҳбар — директор моликиятдор буда, аз як қатор фармонҳое, ки аз боло ба ӯ меояд озод аст ва худаш мустақилона қарорҳои ҷиддӣ қабул намуда, фаъолияти корхонаро пеш мебарад. Дар дасти роҳбар омили асосии идоракунӣ, ин интихоби кормандон, ташаккули коллективи меҳнатӣ ва ҷобаҷогузории онҳо мақоми аввалро ишғол мекунад. Лекин аксар мавридҳо роҳбари корхона маҷбур аст, ки фармонҳои органҳои маъмурӣ — давлатиро, аз

пешина
аз 465
навбатӣ