Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муҳити берунаи корхона.

Хислати қарзгиранда - асосан дар асоси таҳлили ахбории фаъолияти он, дар партави ҳисобборобаркунии қарзи пешина ва умуман фаъолияти истеҳсолӣ ва маркетингии корхона мавриди эътибор буда метавонад.

Қобилияти қарзсупорӣ - дар асоси таҳлили фаъолияти истеҳсолию молиявии корхона нишондиҳандаҳои солҳои гузашта маълум карда мешавад. Дар ин замина пеш аз ҳама афзоиши капитали корхона ва ояндаи он муайян карда мешавад.

Таъминоти иловагии қарз - мустаҳкам намудани кафолати қарзсупорӣ ба воситаи тамоми имконияти иловагӣ, ки корхона дорад, ба шумор хоҳад расид.

Муҳити берунаи корхона - қонуниятеро дарбар мегирад, ки ҳар гуна тағйироти дар оянда падид омада, мисли вазъияти иқтисодӣ, дигаргуниҳои технологиро дар лаҳзаи додани қарз ба инобат гирифта шаванд.

12.5. Усулҳои маъмурӣ, иҷтимоию равонӣ ва тарбиявии менеҷмент

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки усули маъмурии идоракунӣ дар солҳои охир мазмуни иқтисодии худро, яъне нақши асосиро дар идоракунӣ аз даст додааст. Дар замони муосир дар ҷаҳони иқтисоди бозорӣ усулҳои иқтисодии идоракунӣ мавқеи аввалдараҷа доранд. Чунки имрӯз иқтисодиётро на бо роҳи зӯроварӣ ва фармондиҳии маъмурӣ, балки дар асоси хоҳиши ихтиёрии коргарон, бо роҳи ҳавасмандкунӣ ва таъмингардонии талаботи онҳо ташкил кардан самаранок мебошад.

Аммо дар корхона як қатор ҳолатҳое мебошанд, ки дар ин маврид менеҷмент бо воситаи усулҳои маъмурӣ масъаларо бояд ҳал намоянд. Номгӯи асосии ин фаъолиятҳо иборат хоҳанд буд:

  1. Банкзомдарории фаъолияти корхона, яке аз фаъолиятҳои муҳими менеҷменти корхона маънидод шуда, кор карда баромадани ҳуҷҷатҳоеро дарбар мегирад, ки тартиботи идоракунии корхонаро муайян месозанд:
  • кор карда баромадани оиннома ва дигар дастурамалҳои корхона;
  • сохтори ташкилии корхона;
пешина
аз 465
навбатӣ