Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар ҳолати таъмин будани қарз чунин нишондиҳандаҳо муайян карда шаванд:
қарзе, ки кафолат дорад;
қарзе, ки кафолаташро дигар шахсон ба уҳда доранд;
қарзе, ки кафолати хаттӣ дорад;
қарзе, ки дар асоси боварии шахсӣ дода шудааст.
Қарзи кафолатдор гуфта, қарзеро меноманд, ки қарзгиранда барои кафолат молу мулкашро ба гарав мондааст. Дар ҳолате, ки корхона муфлис мешаваду қарзро гардонида наметавонад моликияти ба гаравмонда фурӯхта мешавад ва ба ҷои маблағи қарз ва фоидаи он ҳисоб карда мешавад.
Вобаста ба хислати кафолати қарз, молу мулк, қоғазҳои қимматнок ва ипотекаҳо ба ҳайси гарав истифода шуда метавонанд.
Қарзе, ки шахси дигар уҳдадор мешавад, дар ҳолати қобилияти қарздиҳияшро гум кардани қарзгиранда, ӯ маблағи қарзро бо фоидааш ва фоизҳояш бармегардонад.
Аслан, чунин шакли фаъолият ёрии якдигарии корхонаҳост, ки дар вақтҳои гуногун шахсони мутасаддӣ ба тарафайн кӯмакҳои молиявӣ мерасонанд.
Қарзе, ки бо кафолати хаттӣ мустаҳкам карда шудааст - шакли муҳими қарз мебошад. Яке аз намудҳои инкишофёфтаи ин шакли қарз вексел мебошад. Вексел - уҳдадории хаттиест, ки дар шакли муайян ва дақиқ тардрезӣ шудааст.
Соҳиби вексел баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он пурра ҳуқуқ дорад, ки аз векселдиҳанда пулашро талаб кунад.
Қарзе, ки бо боварии шахсӣ дода шудааст.
Қарздиҳанда дар асоси боварӣ ба шахси алоҳида, асосан ба роҳбари корхона бе кафолати пешакӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, қарздиҳанда боз роҳҳои таъсиррасонии алоҳидаи худро дорад, ки дар ҳар сурат қарзро гардонида мегирад.
Таҳлили молиявии қарзӣ. Ҳангоми қарз додан бояд ба чунин ҷиҳатҳои корхонаи қарздиҳанда эътибор дод:
характери қарзгиранда;
қобилияти қарзсупорӣ;
таъминоти иловагӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор