Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Калимаи «қарз» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои «credo» - «бовар мекунам»-ро мефаҳмонад.
Қарз (кредит) гуфта, додани пулро аз рӯи шарту шароитҳои баргардонӣ, фоидаи муайян, дар мӯҳлати аниқ меноманд.
Ғайр аз ин, қарз метавонад дар шакли дароз кардани мӯҳлати арзиши мол, ё ин ки ӯҳдадориҳои шартномавии дебиторӣ сурат гирад.
Муносибатҳои қарзӣ барои таъмин намудани ду тараф, аз як тараф - дебитор барои соҳибкорӣ воситаҳои пулӣ мегирад, аз тарафи дигар кредитор, барои додани ин воситаҳо ҳақмузд мегирад.
Хусусияти хоси кредит ин: таъмин намудан; мақсаднок; мӯҳлатнок; фоиданок ва баргардонондани он мебошад.
Сарчашмаҳои асосии пулие, ки барои кредит дода мешаванд инҳо мебошанд:
пасандозҳои аҳолӣ, ки дар бонк ҷамъ мегарданд;
сармояи Бонки Миллӣ ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ;
сармояи озоди корхонаҳо;
фондҳои амортизатсионии корхонаҳо;
қарзҳои молии корхона ба корхона;
рентаҳои сармоя (шахсоне, ки аз ҳисоби фоидаи сармояшон зиндагонӣ мекунанд);
ҳиссаҷудокуниҳои давлатӣ ва маҳаллӣ.
Воситаҳои қарзӣ аз тарафи соҳибкорон, давлат ва сохторҳои маҳаллӣ, харидорон ва монанд ба инҳо истифода бурда мешавад.
Дар муносибатҳои қарзӣ шаклҳои давлатӣ, ипотекӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ва истеъмолӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Ҳангоми таъмин намудани кредит як қатор меъёрҳои ҳуқуқиро бояд риоя намуд:
- Тафтиши қобилияти молиявӣ доштани қарзгиранда.
- Шартҳои аниқи (кредит) қарз.
Аз рӯи талаботи қарз, қарзгиранда бояд ҳуҷҷатҳои зарурии молиявию хоҷагидорӣ ва таҳлилӣ - молиявиро пешниҳод намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор