Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Молиякунории миёнамуҳлат қарзест, ки барои инкишофи корхона истифода карда мешавад (сохтмон ва таъмири бино ва ғайра), ҳамчунин ин намуди қарз барои афзоиши сармояи гардиши корхона ва фаъолияти калони молиявии он мусоидат менамояд.

Сарчашмаҳои асосии чунин молиягузорӣ инҳо мебошанд:
бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ;
ширкатҳо доир ба фондҳои асосӣ;
сарчашмаҳои хусусӣ.

Фонди қарзӣ дар ин ҳолатҳо нисбат ба фоидаи қарзи кӯтоҳмуддат камтар буда, корхонаи қарзгиранда, кафолати молу мулкӣ медиҳад.

Дар ҳолати хариди таҷҳизот, қисме аз қарз метавонад дар шакли кредит ба корхонаҳо интиқол дода шавад.

  1. Молиягузории дарозмуддат. Ин намуди молиягузорӣ бо мақсади васеъ намудани ҳаҷми корхона, харидани фондҳои асосии корхона равона карда мешаванд. Ин шакли молиягузорӣ бо роҳҳои зерин гузаронида мешавад:
    додани сармоя; додани қарзҳои дарозмуддат; иҷораи фондҳои асосӣ.

Додани сармоя дар асоси баровардани қоғази музоядаи корхона, бо истифодаи фоидаи корхона амалӣ мегардад. Харидорони асосии музоядаҳо шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ мебошанд.

Додани қарзҳои дарозмуддат дар асоси музоядаи корхона ва қарзҳои дарозмуддати бонкӣ зоҳир мегардад.

Иҷораи фондҳои асосӣ фаъолиятест, ки корхонаҳои хурд, ё калон бо мӯҳлати миёна дар асоси шартнома фондҳои асосӣ ва дигар активҳоро ба иҷора мегиранд.

Барои ин иҷоракор ба иҷорадеҳ иҷорапулӣ месупорад. Тарзи истифода, мақсад ва мӯҳлати иҷора ва супоридани иҷорапулӣ дар шартномаи тарафайн зикр карда мешавад.

Қарздиҳӣ яке аз фишангҳои иқтисодии идоракунии менеҷмент буда, мақсади асосии он самаранок истифодабарии захираҳои корхона дар тамоми сол мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ