Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Кӯтоҳмуддат - ба муҳлати як сол.

  2. Миёнамуддат - ба муҳлати аз як то даҳ сол.

  3. Дарозмуддат - ба муҳлати зиёда аз 10 сол.
    Ҳар як намуди молиягузориро алоҳида дида мебароем.

  4. Молиягузории кӯтоҳмуддат, чунин шакли молиягузорие мебошад, ки асосан бо мақсади харидҳои тиҷоратии молҳои тез ба фурӯшраванда, истифода мегардад. Вобаста, дар ин мавқеъ сари вақт баргардонидани қарз низ ба назар гирифта мешавад. Сарчашмаи асосии ин навъи молиягуворӣ вобаста ба унсурҳои зайл аст:

❖ қарзи тиҷоратӣ;

❖ бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ;

❖ ширкатҳои кӯмакрасони молиявӣ;

❖ ширкатҳои миёнарав.

Қарзи тиҷоратӣ гуфта, ҳолатеро меноманд, ки корхонаи тиҷоратии фурӯшанда ба корхонаи харидор то замони пайдо намудани маблағи зарурӣ дар шакли «Вексел» кредит медиҳад. Аслан, муҳлати чунин қарзҳо аз 30 то 60 рӯз мебошанд. Агар корхона пулашро пеш аз муҳлат, дар муддати 10 рӯз баргардонад, он гоҳ фондан қарз кам мешавад, вагарна, корхона ҷарима месупорад.

Қарзи бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар корхонаи харидор танқисии муваққатии молиявӣ дорад ва корхонаи молфурӯшанда ба ӯ моли худро бо тариқи «кредити векселӣ» намефурӯшад.

Агар бонк хатти кредити кушояд, дар ин ҳолат қарз барои корхона мувофиқ мегардад. Ин амал дар муҳлати муайяншуда ҳангоми дохил шудани пул ба суратҳисоби корхона новобаста ба муддати қарз, дар асоси шартномаи муносибатҳои пулии байниҳамдигарӣ тарҳрезӣ мегардад.

Қарзи корхонаҳои кӯмакрасон — қарзест, ки фаъолияти молиявиро идора мекунад. Фондан қарзии ин корхонаҳо аз бонкҳо дида маҳдудтар мебошад, чунки уҳдадориҳои таъмини пул низ ба инобат гирифта мешавад.

Қарзи корхонаҳои миёнарав — қарзест, ки корхона бо ризогии кредитор пулро аз дебитор мегирад ва барои ин фоидаи муайяни худро мегирад.

пешина
аз 465
навбатӣ