Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маҳз гирифтани фоида, нишонаи самаранокии кори корхона буда, нишон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона талаботи худро доштааст. Аз тарафи дигар, гирифтани фоида имкон медиҳад, ки корхона доираи истеҳсолоти худро васеъ намуда, воситаҳои ҷадиди истеҳсолотро ҷустуҷӯ намояд ва коргаронро барои натиҷаи хуби корашон ҳавасманд намоянд.

Мустақилияти молиявӣ - ҷавобгарии корхонаро дар байни моликиятдорон ва коллективи корхона меноманд. Маблағгузории ҷараёни истеҳсолот таъмин намудани молтаъминкунандагон аз силсилаи чорабиниҳое мебошанд, ки барои фаъолияти дохилии корхона, зарурат доранд.

Хази30и давлат ба воситаи андозҳо, ҳиссаҷудокуниҳо, барои чорабиниҳои иҷтимоӣ, экологӣ, муҳофизати давлатӣ ва амсоли ин иртиботи ногусастанӣ дошта, ҳисобро баробар менамояд.

Барои он, ки муносибатҳои молиявию пулӣ ташкил карда шавад, барои корхона зарур мебошад, ки ин маблағҳоро дошта бошад. Бунёди асосии маблағҳои пулии корхона ин даромад аз фурӯши маҳсулот мебошад. Дар ҳолате, ки ин маблағҳо барои инкишофи корхона басанда мебошад, корхонаро зарур аст, ки аз қарзи банк истифода намояд.

Идоракунии молиявӣ фаъолияти менеҷерро дар истифодаи воситаҳои пулии корхона фаро мегирад, ки бо мақсади гирифтани фоидаи баланд равона карда шудаанд.

Идоракунии молиявӣ вазифаҳои зайлро дарбар дорад:
интихоб ва истифодабарии молиягузориҳо;
ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти молиявӣ;
муайян намудани фоидаи оянда вобаста ба маблағгузорӣ ва батанзимдарории фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;
баҳо додани таваккали молиявӣ ва фоидаи аз он;
ояндабинӣ ва банақшагирии фаъолияти молиявӣ - хоҷагидорӣ;
таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ.

Мураккабии идоракунии молиявӣ пеш аз ҳама дар ӯҳдадориҳо ва дараҷаи таваккале, ки корхона ба худ мегирад, мушаххас мегардад.

Дар робита ба муҳлати уҳдадориҳои молиявӣ дар корхона, се сарчашмаи молиягузорӣ ҷудо карда мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ