Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Хароҷоти замшаванда - арзише ки дар моли тайёр дида нашуда, дар шакли табиии он, яъне хароҷотҳои хизматрасонии техникӣ, таъмир, таъминот, хароҷоти идоракунӣ ва ғайра, мушоҳида мешавад.

Стратегияи нархгузорӣ.

  1. Нархҳо нисбат ба нархи молҳои корхонаҳои рақиб пасттар муайян карда мешаванд. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки агар рақиби корхона истеҳсолкунандаи калон бошад ва бо хароҷоти кам мол истеҳсол намояд, он гоҳ касодии корхона ба миён хоҳад омад. Бинобар ин, барои ба чунин ҳодисаҳо гирифтор нашудан корхона бояд корҳои зеринро анҷом диҳад:

суръати фурӯши молро тезонад;

моле истеҳсол намояд, ки хароҷоти зиёдро талаб накунад;

корхонаҳои хурдро дар ҷойҳое ташкил намоянд, ки корхонаҳои калон чунин имконро надошта бошанд.

  1. Нархҳо нисбат ба нархи молҳои рақиб қимат монда мешаванд, ё корхона «стратегияи қимат бифурӯшед»-ро истифода мекунад. Барои ин, молеро истеҳсол мекунад, ки барои истеъмолкунанда, новобаста ба нархаш зарурат дорад. Дар ин ҳолатҳо чунин равандҳо муҳим аст:

истеҳсоли молҳои камёфт;

омӯзиши пурраи истеъмолкунанда;

муомилан хуб ба истеъмолкунандагон;

интихоби ҷои мувофиқ таъмини мол барои истеъмолкунанда (мисол дар назди ҷои мувофиқ, ё худ дар назди хонаи истеъмолкунанда);

интихоби моле, ки корхонаи калон истеҳсол карда наметавонад.

  1. Муайян кардани нархи мувофиқ барои харидор. Мисол рақамҳои пурра 10, 15, 20, 100, 150, 200... ва ғайра.

  2. Муайян кардани нарх барои маҷмӯи молҳо (мисол, маҷмӯи асбобҳо барои ошхона, барои таъмири мошинҳо).

12.4. Молия ва қарз ҳамчун усули иқтисодии менеҷмент

Молия барои инкишофи иқтисод ва ҷиҳати иҷтимоии корхона зарур мебошад. Маблағҳои пулӣ ба корхона имконият медиҳад, ки боз маблағи нав пайдо намоянд, яъне фоида бигирад.

пешина
аз 465
навбатӣ