Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ музди меҳнати иловагӣ, балки гирифтани хона ва нафақа ва ғайра ҷиҳатҳои равонӣ ва тарбиявии ӯро инкишоф медиҳад.
Дар байни усулҳои идоракунии иҷтимоию равонӣ ва тарбиявӣ, яке аз омилҳои асосии муайян кардан ва баҳисобгирии ҷиҳатҳои равонии ҳар як аъзои коллектив, рафтори коллектив дар маҷмӯъ мебошад.
Ин кор дар шакли муназзам аз тарафи роҳбарони корхонаҳо мустақилона гузаронида мешавад, ё бо истифода аз мутахассисони равоншиносу ҷомеашинос дар асоси гузаронидани анкета, тест, пурсишҳои иҷтимоӣ, ахбор ва ғайра татбиқ мегардад.
Яке аз равандҳои усули иҷтимоию равонӣ, омӯзиши равия ва ташаккули мотиви фаъолияти кории коргарон мебошад ва баҳисобгирии он дар раванди идоракунӣ зарурат дорад.
Як қатор усулҳои иҷтимоию равонӣ бевосита, ё бавосита ба баланд бардоштани фаъолгардонии эҷодӣ ва пешгӯиҳои коргарон равона карда шудаанд. Ин усулҳо васеъ намудани фаъолияти ратсионализаторӣ, тарбиявии гурӯҳҳои корӣ, анъана ва урфу одат ва ғайра, яъне баланд бардоштани ҳиссиёти дӯстдории коргари корхонаро метезонад. Коргари ҷопонӣ дар вақти сӯҳбат, пеш аз он ки номи худашро гӯяд, аввал номи корхонаашро мегирад. Барои ба ин дараҷа расонидани коллектив корҳои зиёди тарбиявию равониро гузаронидан зарур аст.
Ба гурӯҳи усулҳои иҷтимоию равонӣ ва тарбиявӣ инчунин барпо намудани муҳити хуби равонӣ ва истифодаи ратсионалии шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунии коллективӣ ва фардӣ дохил мегардад. Мисол, дар тахтаи фахрии корхона сабт намудани номҳои одамони арзандаи коллектив ва дар ҳар як чорабиниҳо, дар рӯзҳои ид мукофотонидани шахсҳои арзанда ва ғайра.
Дар солҳои охир дар идоракунии корхонаҳо омили дигар, яъне банақшагирии инкишофи иҷтимоии коллективи меҳнатӣ илова шудааст, ки аксари масъалаҳои иҷтимоии корхона ҳал карда мешаванд.
Усулҳои самараноки кор дар коллективи корхона, навигариҳои демократии идоракунӣ, озодии сухан, маданияти хуб ташкил намудани баҳсу музокира, қабул намудани танқид, шунидани ақидаи рақибон, аз қабили хислатҳои нави кории менеҷмент дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор