Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

истеҳсолӣ, идоракунӣ, маркетинги фоидаи ҳисобиро дорад Ҳаҷми нархи чакана пеш аз ҳама ба талабот ва таклифоти бозор вобаста мебошад.

  1. Нархи бозорӣ — нархе, ки мол дар вақти муайян дар бозор фурӯхта мешавад.

  2. Нархи базавӣ — нархе мебошад, ки дар асоси гуфтушуниди пешакӣ, ё шартномаи байни истеҳсолкунанда ва харидори яклухти калон муайян мешавад. Тавассути ин нарх сифат ва навъи мол муайян карда шудааст.
    Дар ин мавриди нарх бар пояи шартнома муайян гардида, илова, ё кам нив карда мешавад.

  3. Нархи монополия — нархе мебошад, ки монополистони бозор муайян мекунанд. Нархи баланди монополия барои фурӯши моли худ ва нархи пасти монополия барои харида гирифтани молҳои дигар истеҳсолкунандагон, ё худ фурӯшандагон муайян карда мешавад.

  4. Нархи номиналӣ - нархе, ки дар маълумотномаҳо, биржаҳо ва нархномаҳо чоп шуда, муайян аст.

  5. Нархи лағжанда - нархе, ки дар асоси шартнома вобаста ба сохтори бозор, дар вақти муайян гузошта мешавад.

  6. Нархи тағйирнаёбанда - нархе, ки дар шартномаи хариду фурӯш муайян шудааст ва тағйир намеёбад.

  7. Нархи талаботӣ — нархе, ки дар асоси рақобати озоди бозор пайдо мешавад.

  8. Нархи «пешворо паст намудан» - нархе, ки бо мақсади ҷалб кардани муштариён гузошта мешаванд. Асосан чунин нарх ба як мол гузошта мешавад ва бо мақсаде, ки молҳои дигарро бихаранд.

  9. Нархи хариду фурӯш - нархе, ки вобаста ба шарту шароити фурӯши мол, яъне хароҷоти ҷобаҷогузорӣ, нақлиёт, вақт, миқдор ва амсоли ин муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, нархи харидору фурӯш ба чунин шартҳои фурӯши мол вобаста аст:

❖ СИФ (арзиш, суғурта, фрахт - АСФ): фурӯшанда ӯҳдадор мешавад, ки аз
ҳисоби худаш киштӣ, ё самолёт киро карда, арзиши боркашонӣ (фрахт),
хароҷоти гумрукӣ ва таваккали нобудшавии молро ба инобат гирад;

пешина
аз 465
навбатӣ