Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
маҳдудият ба инобат гирифта намешавад. Чунки усулҳои иқтисодии менеҷмент ҳамон вақт фоидаовар мебошанд, ки агар тамоми монеаҳои маъмурӣ аз байн бардошта шаванд.
Дар шароити феълии корхонаҳои Тоҷикистон шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ аз рӯи музди меҳнат дида мешаванд. Масалан:
- баланд бардоштани окладҳо, ё бастҳои тарифӣ;
- иловаҳо бо маоши асосӣ;
- иловапулиҳо вобаста ба хизматҳо, собиқаи корӣ, унвонҳо ва ғайра;
- мукофотҳо барои хизматҳои арзанда ва кори самаранок.
Ҳамин тариқ, санъати идоракунӣ дар он зоҳир мегардад, ки менеҷмент то чӣ андоза метавонад музди меҳнатро ба яке аз унсурҳои асосии баландбардории ҳавасмандӣ ва мотиватсияи меҳнат оварда расонад.
12.3. Нархгузорӣ ҳамчун усули иқтисодии менеҷмент
Нархгузорӣ яке аз омилҳои асосии идоракунии иқтисодӣ мебошад. Нарх бояд, ки инъикоси ҳақиқии хароҷоти истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот, инчунин хусусияти истеъмолии онро ифода намояд. Аз тарафи дигар, нархи мол ба талаботу таклифоти бозор мебояд мувофиқат намояд.
Дар иқтисоди бозорӣ шаклҳои зерини нарх вуҷуд дорад:
-
Нархи истеҳсолӣ - нархе, ки истеҳсолкунанда молашро ба бозор мебарорад. Ин нарх баробар ба тамоми хароҷоти истеҳсолӣ ва маркетинги ва ҷамъи фоидае, ки корхона мехоҳад гирад, баробар тааллуқ дорад. Дар мамлакатҳои мутараққии саноатӣ нархи истеҳсолии мол 40-60% нархи чаканаро ташкил мекунад;
-
Нархи яклухт - нархе мебошад, ки ташкилоти тиҷоратӣ молашонро бо миқдори зиёд яклухт ба корхонаҳои тиҷоратии чакана мефурӯшанд. Ин нарх ба нархи ҷамъи хароҷоти истеҳсолӣ ва маркетингии ширкати тиҷоратӣ яклухт мебошад. Нархи яклухт 60-70% нархи чаканаро ташкил мекунад.
-
Нархи чакана - нархе мебошад, ки молҳо дар мағоза бо миқдори чакана фурӯхта мешаванд. Ин нарх бо худ нархи яклухт, ҷамъи хароҷоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор