Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мешавад ва доимист. Он дар ҳолате тағйир дода мешавад, ки норозӣгӣ доир ба фаъолияти кории шӯъба падид ояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки натиҷаи шаклҳои ҳисоби хоҷагии дохилӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ба назар нарасиданд. Ин бозгӯи он аст, ки шаклҳои ҳисоби хоҷагии дохилӣ самаранокии иқтисодӣ ва ҳавасмандкунии моддии коргаронро таъмин карда натавонистаанд. Бинобар ин, солҳои охир шакли мусмири ҳисоби хоҷагӣ - даврӣ, яъне иҷоравӣ ба кор бурда мешавад.

  1. Иҷора. Фавҷҳои истеҳсолӣ муваққатан барои истифода фондҳои асосӣ, нақлиёт ва биноҳоро ба иҷора мегиранд. Дар ин ҳолат иҷоракор ҳуқуқи соҳибмулкиро қисман пайдо мекунад, ки аллакай нишондиҳандаҳои ҳавасмандӣро падид меорад ва ӯ ҳаракат дорад, ки аз ин воситаҳо хуб истифода карда шаванд. Ин шакли фаъолият дар асоси шартномаи иҷора ҷорӣ мегардад.

Даромади шӯъбаи иҷора баъди супоридани иҷорапулӣ ва андозҳои давлатӣ ва хароҷоти моддӣ пурра дар ихтиёри он мемонад. Дар ин маврид касе ҳуқуқ надорад, ки нишондиҳандаҳои шартнома то замони ба охир расидани мӯҳлати иҷора тағйир диҳад.

  1. Ҳисоби пурраи хоҷагии шӯъба. Ин шакли хоҷагидорӣ дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки агар панҷ омили асосии ҳисоби пурраи хоҷагӣ дар шӯъба амал намояд. Ин шакли олии ҳисоби дохили хоҷагӣ буда, воситаҳои истеҳсолиро метавонад, ки ба иҷора гиранд ё ин ки дар асоси шартнома истифода кунад. Дар он музди меҳнат бар пояи даромади умумии шӯъба ҳисоб карда мешавад.

Ҳисоби пурраи хоҷагӣ пеш аз ҳама бо шакли дигари усули хоҷагидорӣ - ҳавасмандӣ робитаи қавӣ дорад.

Хусусияти тафовутноки шакли ҳавасмандӣ пеш аз ҳама дар коллектив кор кардан, яъне муносибатҳои коллективии меҳнатро мустаҳкам менамояд, зеро дар он тақсимоти якхелаи даромад дида мешавад. Бинобар ин мазмуни дигари ҳавасмандӣ ин беҳтар шудани шароити истеҳсолӣ, беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, манзил, таъмини ҷои кори хуб, баланд бардоштани малакаи дониш мебошад.

Дар ин ҳолат даромади пулӣ пурра аз натиҷаи миқдорӣ ва сифатии кор вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми муайян кардани ҳақмузд ягон хел

пешина
аз 465
навбатӣ