Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Шаклҳои муносибатҳои хоҷагидорӣ, ки дар аксари корхонаҳои Тоҷикистон қабул шуда, амал мекунанд, инҳо мебошанд:
-
Шакли маъмурии ташкили хоҷагидорӣ. Дар ин шакли хоҷагидорӣ, ҳисоби дохилии хоҷагӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Фаъолияти иқтисодии гурӯҳҳои истеҳсолӣ дар асоси фармону супоришҳо аз боло ба поён амалӣ мегардад. Тамоми фаъолият дар супоришҳои корӣ навишта мешаванд ва барои навовариву эҷодкорӣ қариб, ки ҷой вуҷуд надорад. Вазифаи коргарон иҷрои дақиқи супоришҳо ва фармонҳои роҳбарон аст. Дар ин маврид онҳо ин ё он ҷавобгарии маъмуриро ба ӯҳда доранд. Музди меҳнат аксаран вақтбайъ буда, дар асоси окладҳо ва бастҳои муайян ҳисоб карда мешавад. Чунин шеваи идоракунӣ шакли анъанавии кӯҳнашуда мебошад, ки дар он соҳибмулк маълум набуда, ҳисоби риёзӣ тавассути фармон бурда мешавад. Ҳавасмандкунии коргарон аз рӯи миқдор ва сифати кор дида намешавад. Чӣ қадар коргар кор накунад, маоши зиёд намегирад. Мавҷуд будани чунин системи ҳисоби хоҷагии маъмурӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ғайрисамараноқ мебошад.
-
Шакли мақсадноки ҳисоби хоҷагӣ. Корхонае, ки ба ҳисоби пурраи хоҷагӣ гузаштааст ҳар як давраҳо ва қисмҳои мақсадҳои худро дар шакли супоришҳои корӣ ҷудо карда, ба гурӯҳҳои алоҳидаи худ, ҳамчун фаъолияти мақсаднок мефиристанад. Иҷрои ин мақсадҳо дар партови истифодаи захираҳо сурат гирифта, музди меҳнат, захираҳои моддию молиявӣ дар давоми сол аз рӯи меъёрҳо татбиқ мегарданд. Дар натиҷа дар бахши истеҳсолии корхона маблағҳо аз ҳисоби сарфаи захираҳо боқӣ хоҳад монд, ки дар байни коллективи бахш тақсим карда мешавад.
-
Шакли пудрати хоҷагидории корхона. Барои гурӯҳҳои истеҳсолӣ вазифаи корӣ муайян намуда, фонд ва воситаҳоро барои иҷрои кор ҷудо мекунанд. Шӯъба ба корхона ҳиссаҷудокунии амортизатсионии фондҳои ҷудокардашударо мегузаронад. Инчунин корхона кори доимии фондҳои асосӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмирро таъмин менамояд. Шакли пудрати хоҷагидорӣ асосан дар корхонаҳо бо роҳи пудрати бригадавӣ иҷро мегардад.
-
Шакли иштироки ҳиссавӣ. Шӯъбаи корхона дар асоси супориши
корхона ва фондҳои онҳо амал карда, музди меҳнатро аз ҳисоби ҳиссаи
меҳнаташон дар даромади корхона мегиранд. Ин ҳисса пешакӣ муайян карда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо