Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҳисоби хоҷагӣ мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки ин усули идоракунӣ дар шароити иқтисодии нақшавӣ низ истифода бурда мешавад. Аммо дар шароити имрӯза мазмуни иқтисодии ин усул вобаста ба тағйир ёфтани мазмуни «хоҷагӣ»
ва «хоҷагидор» дигаргун шудааст. Имрӯз хоҷагидор худ соҳибмулк мебошад ва масъулияти тамоман дигарро дорад. Маҳз ҳисси хоҷагидории мустақил дар вуҷуди одамон ҳавасмандкунии фаъолиятро пайдо месозад.
Ҳисоби пурраи хоҷагӣ, бо худмаблағгузорӣ мустақилияти хоҷагидории корхонаро ташкил менамояд. Дар ин ҳолат хароҷоти фаъолияти истеҳсолӣ ва иҷтимоии корхона ва музди меҳнат аз ҳисоби воситаҳои бадастовардаи корхона пардохта мешавад ва нишондиҳандаи ҷамъбастии фаъолияти ташкилот – фоида мебошад.
Ҳангоми аз фоидаи корхона ҷудо шудани ҳамаи андозҳо ва ҳиссаҷудокуниҳо маблағи боқимонда дар ихтиёри коллективи корхона мемонад ва корхона ин маблағҳоро ҷиҳати инкишофи истеҳсолоти корхона, музди меҳнат ва соҳаи иҷтимоӣ масраф мекунад.
Интихоби модели ҳисоби хоҷагӣ ба шароити корхона вобаста буда, хусусиятҳои истеҳсолӣ вазифаи асосии менеҷер, ё шӯрои корхона мебошад. Дар ин ҳолат хуб мебуд, ки барои интихоби модели ҳисоби хоҷагӣ мутахассисон, ҳуқуқшиносон ва иқтисодчиён ҷалб карда шаванд.
Моделе, ки дар боло қайд шуд, ин ҳисоби пурраи хоҷагӣ дар корхона мебошад. Аксар маврид дар корхонаҳои калон қоидаи ҳисоби дохилии хоҷагӣ истифода карда мешавад. Қоидаҳои ҳисоби дохилии хоҷагӣ ба 5 қисм гурӯҳбандӣ мешавад:
❖ мустақилияти хоҷагидорӣ; ❖ худхаридкунӣ; ❖ ҳавасмандии моддӣ; ❖ ҷавобгарии моддӣ; ❖ назорати пулӣ.
Бояд қайд кард, ки ин қоидаҳо барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, ки корхонаи мустақилро дар ихтиёр дорад, татбиқи пурра мешаванд. Барои гурӯҳҳои истеҳсолӣ шаклҳои гуногуни ҳисоби хоҷагиро истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо