Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Усулҳои иқтисодӣ. Сифатҳои асосии ин усулҳои иқтисодӣ унсурҳои зеринро доро мебошанд:
    ❖ ба таври илмӣ асоснок будан; ❖ бунёди моддӣ доштан; ❖ ҳавасманддии маънавӣ; ❖ натиҷаи мусбат гирифтан; ❖ таъмини мотиватсияи мусбии фаъолият; ❖ гуногунии усули идоракунӣ.

Гузаштан ба шаклҳои иқтисодии идоракунӣ дигаркуниҳои куллиро дар иқтисоди ташкилот тақозо дорад. Ин раванд дар танзими нави молиягузории ҳисоби хоҷагӣ ва ҳавасмандкунӣ, татбиқ мегардад.

Бояд қайд кард, ки вазифаҳои идоракуние низ мавҷуд аст, ки усулҳои иқтисодӣ аз ӯҳдаашон намебароянд. Аслан татбиқи ин мавридҳо бояд нишон дода шаванд. Барои ҳалли ин масъалаҳо усули маъмурӣ фармондиҳии менеҷмент дар корхонаҳо мавҷуд аст, ки ба худ усулҳои тартиботӣ, меъёрӣ, дастурӣ ва фармондиҳиро дарбар мегирад.

Самаранокии идоракунӣ ҳамон вақт мушоҳида мегардад, ки агар дар асоси донистани мотивҳо ва қонунияти рафтории гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида, ки дар натиҷаи фаъолияти корин одамон аст, ташкил карда шавад.

Барои он, ки имконоти одамон дар ҷараёни меҳнати ҷамъиятӣ пурра истифода карда шаванд, зарур аст, ки мо хусусияти фардиву рароиши ҳар як коргарро омӯзем ва усули иҷтимоию рӯҳии идоракуниро истифода намоем.

Гурӯҳи чоруми усулҳои идоракунии менеҷмент ин усули тарбиявист. Ин усул воситаи асосии дар одамон тарбия намудани қобилияти ба мақсад расидан мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки самаранокии идоракунӣ бо дарназардошти ягонагии чор гурӯҳи усулҳои идоракунӣ таъмин карда мешаванд.

Маҳз истифодаи ҳамаҷонибаи усулҳои идоракунӣ имкон медиҳад, ки меҳнат оқилона ва диққатҷалбкунанда шуда, барои ҳар яке мо ва ҷамъият самаранок ва муфид гардад.

Усулҳои асосие, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ аз ҳама самаранок ва
муҳим мебошанд, ин усулҳои иқтисодӣ аст. Усули аввали иқтисодӣ - ин усули

пешина
аз 465
навбатӣ