Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муайян намудани муносибатҳои ташкилии байни коргарон вобаста ба таҳлили тақсимоти меҳнат ва вазифаҳо;
ташкили системаи идоракунии корхона;
ташкили штатҳои расмии корхона;
муайян кардани ӯҳдадориҳои функционалии коргарон (тартиб додани дастурамал ё низомнома доир ба шахсони вазифадор);
коркарди системаи ташкилии корхона аз нигоҳи инкишофи он.

  1. Фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунӣ. Ин функция омили асосии омӯзиши ҷараёни мотиватсионӣ дар корхона, муайян кардани роҳҳои самараноки мотиватсияи корӣ ва фаъолгардонии кории коргарони коллектив ва ҳар як коргар дар алоҳидагӣ ба шумор меравад.

Мотиватсия вобаста ба зарурияти таъмин намудани талаботи одамон, тибқи назарияи А. Маслоу (Дар боби 7 ба «мотиватсия» нигаред) сурат мегирад.

Талаботи одам нобаробар буда, сохтори мураккаб дорад.

Расми 2. Аҳроми талабот аз рӯи назарияи А. Маслоу.

пешина
аз 465
навбатӣ