Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Аз ин нақшан болоӣ чунин бармеояд, ки тамоми талаботи коргарон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- Талаботи базисӣ, ё худ аввала.
- Талаботи истеҳсолӣ.
Талаботи базисӣ аз рӯи талаботи ботинии одамон 5 зинаро фаро мегирад:
Зинаи 1-ум - талаботи физиологӣ ва шаҳвонӣ (талабот ба об, хӯрок ва бунёд кардани насл); Зинаи 2-юм - талабот барои вуҷуд доштан, (бехатарӣ, ҳимоя доштан, боварӣ ба оянда, зиндагии ором); Зинаи 3-юм - талаботи иҷтимоӣ (меҳнати якҷоя, алоқа ба коллектив, ғамхорӣ ба муҳит ва ғайра); Зинаи 4-ум - талаботи эътирофӣ (ҳурмату эҳтиром, мавқеъ ва болоравӣ аз рӯи вазифа); Зинаи 5-ум - талаботи маънавӣ (эҷодкорӣ ва худнишондиҳӣ).
Аз ин маҷмӯъ ду зинаи аввал ҳамчун талаботи ирсӣ ҳисобида шуда, зинаи дигар хислати баҳохудкунандагӣ доро мебошанд. Вобаста ба ин арзиш, ё худ қимматнокии ҳар як давра гуногун мебошад. Талаботи давраи дувум дар ҳаёти инсонӣ хеле рӯ ба рӯ мебошанд. Ин дар ҳолате воқеъ мегардад, ки агар ду талаботи аввала қаноатманд гардида бошанд.
Талаботи пайдошаванда, ё худ истеҳсолӣ бевосита дар давоми зиндагии одам, ҳангоме ки ӯ аллакай дар системаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ мешавад, пайдо мегардад. Ин гурӯҳи талабот зинаи якхела доранд ва якдигарро пурра месозанд.
Омӯзиши талаботи одамон барои менеҷменти корхона яке аз функцияҳои асосии фаъолият буда, менеҷерҳо бояд фаъолияташонро бо назардошти чунин масъалаҳо ҷорӣ намоянд, зеро механизми фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунии одамон, асосан бо роҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ, тарбиявии фаъолияти менеҷмент амалӣ мегардад.
- Ҳамоҳангсозӣ ва ботанзимдарорӣ - ин функцияи менеҷмент бо мақсади нигоҳдории дараҷаи инкишофи корхона аз рӯи нақшаи муайяншуда мебошад.
Вазифаи ҳамоҳангсозӣ мувофиқгардонии фаъолияти ташкилот ва
табақаҳои он барои иҷрои нақша, мебошад. Дар фаъолияти менеҷмент зимни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо