Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Нақшаи кории ташкилот бояд ба саволҳои зерин ҷавобгӯй бошад:
чӣ бояд кард? (мазмуни ояндабинӣ);
кадом вақт? (давра ва вақти чорабинӣ);
кӣ иҷро мекунад? (иҷрокунандаи касбӣ);
дар куҷо иҷро мекунад? (ҷои иҷрои чорабинӣ);
чӣ хел иҷро мекунад? (бо кадом захираҳо иҷро мекунад?).
Танҳо баъд аз он, ки нақшаи кории ташкилот ба саволҳои боло ҷавобгӯ бошад, нақша ба барномаи корӣ табдил меёбад.
Дар ин нақша мо бояд имконоти назоратро низ дар назар дошта бошем. Барои ин менеҷмент ҷамъбасти нақшаро дар шакли миқдорӣ дошта бошад, ки тафтиш карданаш осон гардад.
Шакли имрӯзаи банақшагирии менеҷмент барномасозии мақсаднокро ба худ гирифтааст. Дар чунин ҳолатҳо нақша дар асоси қоидаи иерархияи мақсадҳо тартиб дода мешавад:
аз мақсади асосӣ мақсадҳои поёнӣ тартиб дода мешаванд, ки ба занҷири сохтори ташкилӣ - идоракунии ташкилот то коргари охирин омада бояд расад. Бинобар ин, барои ҳар як мақсади пайдарпай захираҳо, мӯҳлати иҷроиш ва шахсони иҷрокунанда масъул таъин карда мешаванд.
Дар ташкилоти на он қадар калон (то 100 нафар коргар) хуб мебуд, аз системаи зерини нақшаҳо пайгирӣ карда шавад:
нақшаи ояндасозӣ барои 2-3 сол;
барномаҳои мақсадноки масоилҳои рӯзмарра;
нақшаҳои солона;
нақшаҳои моҳона;
нақшаҳои фардии ҳар як коргар.
- Функсияи ташкилӣ - ин фаъолияти роҳбарияти корхонаро вобаста ба мақсадҳо ва нақшаҳояш зимни ташаккул ва таъмини фаъолияти сохторҳои он дарбар дорад.
Ҳангоми иҷрои функцияи ташкилӣ бояд, ки чунин корҳо ба сомон расонида шаванд.
кор карда баромадани сохтори ташкилии корхона, ки имконоти иҷрои мақсад ва вазифаҳоро таъмин карда тавонад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо