Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

12.1. Функцияҳои асосии фаъолияти менеҷмент

Дар фаъолияти менеҷменти имрӯза панҷ функцияи асосӣ ҷудо карда мешавад (расми 1):

  1. Ояндабинӣ ва банақшагирӣ.
  2. Ташкилӣ.
  3. Фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунӣ.
  4. Ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарорӣ.
  5. Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат.

Расми 1. Функцияҳои менеҷмент.

  1. Ояндабинӣ ва банақшагирӣ — асоси фаъолияти менеҷмент ва давраи якуми он ба шумор меравад. Дар ин давра мақсади фаъолият ва роҳҳои амалӣ гардондани он нишон дода мешавад.

Ояндабинӣ пештар аз банақшагирӣ пайдо мегардад. Ин тадқиқоти ояндаи ташкилот аст, ки барои ҳалли масъалаҳои стратегӣ ва дарозмуддат равона карда шудааст. Дар асоси нишондиҳандаҳои ояндабинӣ вазифаи банақшагирӣ ҷорӣ мегардад, ки дар он захираҳо муайян карда мешаванд. Дар ин замина натиҷаҳои оянда ба назар гирифта шуда, муҳити фаъолияти корхона дар шароити рақобати бозор муайян карда мешавад.

Сарчашмаи асосии ояндабинии ташкилот ин тадқиқоти худи корхона, ё ташкилоти махсус, ки аз рӯи фармоиши корхона ояндабинии онро муайян месозанд, маҳсуб мегарданд.

пешина
аз 465
навбатӣ