Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Муайян кардани мавқеъ ва нақши ҳар як иҷрокунанда доир ба фаъолиятҳои алоҳида.
-
Баҳодиҳии хароҷоти вақт барои ҳар як фаъолият ва ҳодиса.
-
Муайян кардани захираҳо барои ҳар як фаъолият.
-
Тафтиши мӯҳлат ва танзими мақсадҳо.
-
Давраи тафтиш ва баҳодиҳӣ. Ин давра вақте сар мешавад, ки аллакай вақт ва мӯҳлати барои иҷрои нақша ҷудошуда гузаштааст. Вазифаи ин давра муайян кардани дараҷаи ба мақсад расидан, аниқ кардани масоилҳо, монеаҳо ва сабабҳои пайдоиши ин масоилҳо мебошад.
-
Чорабиниҳои танзимкунанда. Ин давра, давраи охири идоракунӣ аз рӯи мақсадҳо буда, барои чорабинии танзимкунанда ва назорати истифодашуда, ташкилотро аз зарар ва роҳи нодурусти иҷрои мақсад нигоҳ медорад.
Баҳои нақшаи стратегӣ дар асоси муқоисаи натиҷаи фаъолият ва мақсадҳо муайян карда мешаванд. Ҷараёни баҳодиҳӣ бошад, бо мақсади танзимдорории стратегия ва муайян кардани робитаи мутақобил истифода карда мешавад.
Дар вақти баҳо додан ба раванди банақшагирии стратегӣ ба панҷ савол бояд ҷавоб ёбем:
-
Оё стратегия дар ҳақиқат ба имконоти корхона мувофиқат мекунад?
-
Стратегия эҳтимолияти меъёриро таъмин карда метавонад?
-
Оё ташкилот захираҳои заруриро барои амалӣ гардонидани стратегия дорад?
-
Стратегия бехатарии беруна ва имконотҳоро ба ҳисоб гирифтааст?
-
Оё ин стратегия усули аз ҳама самараноки истифодаи захираҳо шуда метавонад?
Як қатор нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ мавҷуд мебошад, ки дар раванди баҳодиҳии банақшагирии стратегӣ истифода карда мешавад (Нигаред ба расми 7).
Таъсири асосиро барои баҳо додани стратегия омили вақт мебозад. Бинобар ин, аксар мавридҳо саҳмгузорон хоҳиш доранд, ки дар мӯҳлати хеле ками вақт фоидаи зиёд ба даст оранд ва инчунин дараҷаи эҳтимолият бояд хеле кам бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо