Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

медиҳад, нисбат ба он ки «Ҳосилнокии меҳнати шумо нисбат ба нишондиҳандаи нақша 10% кам шудааст» гӯяд. Бинобар ин Мак Грегор пешниҳод мекунад, ки ҳар як роҳбар, бояд якҷоя бо роҳбари худ мақсади мушаххаси истеҳсолӣ, инчунин воситаҳои ба мақсад расиданро дошта бошад. Баъди давраи муайян роҳбар ва итоаткунанда бояд фаъолияти кории худро таҳлил карда, бо роҳи муқоиса кардан ба нишондиҳандаҳои назоратии мақсадҳо баҳо диҳанд. Асосан, идоракуниро аз рӯи мақсад ҳамчун раванде, ки аз чор давраи бо ҳам алоқаманд ва пайваст иборат аст, ҷудо мекунанд (Нигаред ба расми 6).

  1. Коркарди аниқ ва кӯтоҳии расидан ба мақсад.

  2. Коркарди воқеии ба мақсад расидан.

  3. Назорати систематикии ченкунӣ ва баҳо додани кор ва натиҷаҳо.

  4. Чорабиниҳои танзимкунандаи расидан ба натиҷаҳои банақшагирифташуда.

Расми 6. Давраҳои раванди идоракунӣ аз рӯи мақсадҳо.

  1. Доир ба давраҳои коркарди мақсад, мо дар мавзӯи давраҳои коркарди нақшаҳо гуфта гузаштем. Мувофиқи қоидаи асосии ин мақсад зинаи поёнӣ бояд мақсади зинаи болоиро таъмин намояд.

  2. Давраи дуюми идоракунии мақсад, ин банақшагирии ҳаракатро дар шаш марҳила дар бар мегирад.

  3. Муайян кардани вазифаҳои асосӣ барои ба мақсад расидан.

  4. Муайян кардани алоқамандии байни намудҳои фаъолиятҳои асосии ташкилот.

пешина
аз 465
навбатӣ