Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
воқеӣ (МВ) меноманд. Менеҷменти воқеӣ — ин усули мотиватсионине мебошад, ки таъсири манфиро дар рафтори коргарон аз байн мебаранд.
Питер Друкер тадқиқотчине мебошад, ки якумин шуда нуқтаи назари менеҷменти воқеиро ҳамчун усули баланд бардоштани самаранокии ташкилот номидааст. Друкер менависад, ки ҳар як роҳбар дар ташкилот, аз табақаи олӣ то роҳбари поёнӣ, бояд мақсадҳои аниқ дошта бошанд. Мақсадҳои роҳбари поёнӣ бояд иҷрои мақсади роҳбари болоиро таъмин намоянд.
Директор
Ҷонишини
директор
Ҷонишини
директор
Ҳайати
штатӣ
Роҳбари
шӯъба
Роҳбари
шӯъба
Роҳбари
шӯъба
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Роҳбарони
хурд
Расми 5. Низоми мақсадҳо аз рӯи менеҷменти воқеӣ.
Друкер қайд мекунад, ки ин раванд ба ҳар як роҳбар имкон медиҳад, ки муайян созад, ташкилот аз ӯ чиро интизор аст ва мақсади ҷонишинон ва сардорони шӯъба аз чӣ иборат аст.
Тадқиқотчии амрикои Дуглас Мак Грегор, ин масоилро аз нуқтаи назари дигар омӯхта, қайд мекунад, ки усули идоракунӣ аз рӯи мақсад хеле ҳам зарур мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки роҳбаронро на мувофиқи сифатҳои шахсӣ, балки аз рӯи натиҷаи фаъолияташон баҳо диҳем. Мисол, агар роҳбар ба сардори шӯъба гӯшрас намояд, ки «Шумо суст кор мекунед», на он қадар самара

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо