Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мақоми роҳбарияти болоӣ. Банақшагирӣ ҳамеша аз табақаи боло сар шуда, дар боло ба анҷом мерасад. Роҳбарияти корхона вазифадор мебошанд ҳамон миссияеро интихоб кунанд, ки он коргаронро қаноатманд намояд. Бинобар ин, схемаи умумии нақшаро муайян ва қоидаи ҷорӣ намудани онро аниқ карда, барои самаранокии банақшагирӣ ҷавобгарии мутлақо доранд. Барои он, ки банақшагирӣ амалӣ гардад, аз роҳбарият талаб карда мешавад, ки бевосита дар он иштирок намуда, онро дастгирӣ намояд.
Дараҷаи амалӣ гардонидани банақшагирӣ дар ташкилот ба андозаи омодагии касбии менеҷерон вобаста мебошанд. Нақшаҳои стратегӣ пеш аз ҳама донистани унсурҳои муҳити беруна ва бозорро талаб мекунад.
Пеш аз иҷроиши нақшаҳои корхона масъалаи тасдиқи буҷаи онҳо пеш гузошта мешавад. Тамоми ҷараёни сохтани буҷаи нақшаро ба чор давра тақсим менамоянд:
Давраи якум. Мақсадҳои умумии корхонаро эълон кардани роҳбарияти ташкилот. Дар ин давра нишондиҳандаи асосӣ, ин ояндабинии дараҷаи ҳаҷми фурӯши маҳсулот мебошад.
Давраи дуюм. Аз ҷониби шӯъбаҳо ва сохторҳои таркибӣ тайёр кардани сметаҳои хароҷот. Ин сметаҳо ва буҷет барои шаш моҳ, ё як сол ҳисоб карда мешаванд.
Давраи сеюм. Роҳбарияти табақаи болоӣ буҷаи пешниҳодкардаи шӯъбаҳоро таҳлил ва тафтиш намуда, ба он иловаҳо дохил мекунанд. Баъд аз он шӯъбаҳо бо назардошти иловаҳои мазкур ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқ пешниҳод менамоянд. Баъди он роҳбарият тақсимоти захираҳоро мегузаронад.
Давраи чорум. Тайёрӣ ба буҷаи ҷамъбастӣ, ки ҳисоби пурра гузаронида, онҳоро бо мақсади муайян кардани нишондиҳандаҳои назоратӣ, ба ҳосилнокии меҳнати коргарони алоҳида муқоиса мекунанд.
Чӣ хеле, ки дар боло гуфтем, назорат дар асоси банақшагирӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои он, ки назорат самаранок бошад, бояд банақшагирӣ алоқаи мустаҳкам дошта бошад. Чунин як алоқамандӣ самаранокии идоракуниро низ таъмин месозад.
Яке аз усулҳои асосии идоракунӣ аз рӯи ин якҷоягии нақша ва назорат бо захираҳои меҳнатӣ мебошад, ки онро идоракунӣ аз рӯи мақсад, ё менеҷменти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо