Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Нақшаҳои оҷилии истеҳсолиро шуъбаи танзими истеҳсолот барои ҳамаи корхона ва ҳар як шуъбаҳои истеҳсолӣ тартиб медиҳад. Нақшаҳои оҷилии истеҳсолӣ фаъолиятҳо ва унсурҳои зеринро дар бар мегиранд:
- Тақсимоти вазифаҳо дар давраи нақшавӣ ва таъмини иҷрои он.
- Нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ.
- Захираҳои зарурӣ.
Банақшагирии оҷили равияи амалии иқтисодӣ дошта, ба дараҷаи баланд гурӯҳбандӣ карда шудааст. Мақсади асосии ин шакли банақшагирӣ таъмин намудани шароити хуби истеҳсолии тамоми коргоҳҳо, қитъаҳо ва шуъбаҳо доир ба истеҳсоли маҳсулоти алоҳида мебошад.
Барои ин фаъолиятҳои зерин гузаронида мешаванд:
❖ тартиб додани супориши корӣ, ё худ нақшаҳои 10-рӯза ва моҳонаи истеҳсолӣ;
❖ назорати истеҳсолӣ;
❖ ҳисоби истифодаи қувваи таҷҳизотҳо.
Дар раванди банақшагирии оҷилӣ шаклҳои зерини супоришҳои нақшавӣ кор карда мешаванд: - Супориши семоҳа барои ҳар як сохторҳои таркибии истеҳсолӣ.
- Нақшаи тақвимӣ дар семоҳа барои сохторҳои таркибие, ки системаи мураккаби технологӣ доранд.
- Ҷадвалҳои корӣ, супоришҳои бастӣ-хароҷотӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, банақшагирӣ яке аз функцияҳои муҳими менеҷмент мебошад, ки фаъолияти ҳаррӯзаи онро пурра дар бар мегирад.
11.5. Идоракунӣ аз рӯи мақсадҳо ва банақшагирӣ, баҳодиҳии нақша
Банақшагирӣ ҳамон вақт қувват гирифта, фаъолона амал мекунад, ки агар коргарони ташкилот дар ҷараёни мақсадгузорӣ ва коркарди амалигардонии он иштирок намоянд. Дар ин вазифа мақоми асосиро менеҷерон иҷро мекунанд — маҳз онҳо уҳдадор мебошанд, ки барои иштироки коргарон дар раванди банақшагирӣ ва иҷрои он шароит муҳайё кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо