Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

ҳаҷми умумии истеҳсолот;
талабот ба таҷҳизотҳо;
қудрати истеҳсолӣ ва қувваи коргарӣ;
ҳароҷотҳои умумихоҷагӣ ва умумиистеҳсолӣ, маъмурии идоракунӣ ва ҳароҷотҳои тиҷоратӣ.

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо бо худ буҷаи махсусро доранд. Қисмати муҳими буҷаи асосӣ, ин буҷаи (нақшавӣ) молиявӣ мебошад: дар ин буҷа баҳои миқдори дохилшавӣ ва хориҷшавии захираҳо, бо воҳиди ченаки пулӣ нишон дода мешаванд.

Ба таркиби буҷаи молиявӣ, буҷаи сармоягузорӣ ва воситаи пулӣ, инчунин пешбинии баланси бухгалтерӣ дохил мешавад. Дар асоси буҷаи амалиётӣ ва молиявӣ варианти охирини барномаи истеҳсолӣ сохта мешавад.

Ин барнома ба мӯҳлати аз якчанд ҳафта, то як сол барои корхона ва сохторҳои таркибии он ба назардошти имконоти истеҳсолӣ мураттаб мегардад.

Барнома, номгӯи маҳсулотҳо, ҳаҷми истеҳсолӣ ва фурӯш, мӯҳлати истеҳсол, истифодаи воситаҳои истеҳсолӣ дар ҳар як семоҳаро ба ҳисоб мегирад.

Барномаи истеҳсолӣ, ин банақшагирии идоракунӣ оид ба истифодабарии системаҳои технологӣ вобаста аз талаботи бозор ва таъминоти истеҳсолоти корхона бо хароҷоти пасттарин мебошад.

Ҳангоми мавҷуд будани талабот имконотҳо ва қудрати зарурии истеҳсолӣ тақсим карда мешаванд, вале ҳангоми норасоии қудрати корхона масъалаи васеъ кардани қудрати корхона ба миён гузошта мешаванд.

Илова ба барномаи истеҳсолӣ буҷаи фурӯш ва молияи солона боз чунин нақшаҳо тартиб дода мешаванд:

  1. Нақшаи инкишофи корхона.
  2. Нақшаи фоида, арзиши аслӣ ва даромаднокӣ.
  3. Нақшаи таъминоти материалию техникӣ.
  4. Нақшаи қудрати истеҳсолӣ.
  5. Нақшаи мутахассисон ва меҳнат.

Корхона дар асоси барномаи солонаи истеҳсолӣ ҷараёни банақшагирии оҷилии фаъолияти худро мураттаб месозад. Иншооти нақшаи оҷили ин мавод, маҳсулот, хароҷотҳо ва арзиши молҳо мебошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ