Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
омилҳои модии истеҳсолот ва қудратҳои истеҳсолӣ;
ҷойгиршавии корхона;
ташкили корхона;
мӯҳлати иҷрои лоиҳаҳо;
равияҳои молиявӣ-иқтисодӣ.
АТИ-диққати асосиро ба равияи истеҳсолию техникии лоиҳа дода, тарафи тиҷоратии онро қариб ба назар намегирад. Имрӯзҳо дар аксари корхонаҳо ҷои АТИ-ро бизнес-нақша гирифтааст, вале то ҳол дар ташкилот ин ҳуҷҷат мавриди истифода қарор дорад.
Хусусияти хоси нақшаҳо ҷорӣ
Банақшагирии ҷорӣ гуфта, нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва ҷориро, ки давраи то як солро дар бар мегирад, меноманд. Дар онҳо фаъолиятҳои шахсони масъул дар давоми мӯҳлати аниқ, барои ба мақсадҳои стратегӣ расидан дида мешаванд.
Нақшаҳои кӯтоҳмуддат, асосан дар шакли буҷавӣ ва сметавӣ сохта мешаванд, ки равандҳои асосии фаъолияти ташкилот ва сохторҳои таркибии онро дар алоқамандӣ ба захираҳои моддӣ ва молиявӣ дар бар мегиранд.
Нақшаи буҷаи солонаи корхона дар худ нақшаи корӣ ва функционалии сохторҳои таркибии вайро пурра дар бар мегирад. Нақшаи буҷа дар асоси пешгӯии фурӯши маҳсулот, маълумот оиди ҳаҷми фурӯши мол дар даври гузашта, натиҷаи тадқиқоти бозор, нарх ва рақобати бозор тартиб дода мешавад. Буҷаи асосии корхона аз 2 қисм иборат аст:
- Буҷаи амалиётӣ. 2. Буҷаи муҳофизатӣ.
Дар буҷаи амалиётӣ фаъолияти хоҷагидорӣ бо воситаи системаҳои махсуси техникӣ иқтисодӣ инъикос мегарданд, ки тарафҳои алоҳида ва давраҳои муайяни истеҳсолии хоҷагидориро нишон медиҳанд. Аз рӯи характер ин нишондиҳандаҳо муҳофизатӣ ва пешраванда мебошанд.
Коркарди буҷаи амалиётӣ аз тартиб додани нақшаи фурӯш, ки дигар нишондиҳандаҳо аз он вобастаанд, сар мешавад.
Буҷаи фурӯш аз боло ба поён дар асоси нақшаи стратегӣ, ё аз поён ба боло дар асоси талабот ва супоришҳои истеъмолкунандагон, ки шӯъбаи маркетинг тайёр кардааст, тартиб дода мешаванд. Ин қисм нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегиранд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо