Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
нақшаи ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ ва хазинаҳо, нақшаи фоида ва зарар, баланси бухгалтерии ояндабинӣ.
Дар баробари қисмҳои асосии бизнес-нақша, инчунин пешниҳодҳо дар шакли ҷадвал ва нақшаҳои алоҳида, диаграммаҳо, маводҳои ёрирасон, инчунин ҷадвали чорабиниҳои асосӣ бо муайян кардани шахсони масъул дода мешавад.
Бизнес-нақша дар муқоиса ба нақшаҳои стратегӣ хусусиятҳои хоси зерини худро доранд:
фаъолияти навро оғоз карда, имкони гирифтани захираҳои навро пайдо мекунад;
фақат як мақсади асосиро доир ба инкишофи як бизнес на комплекси мақсадҳоро дар бар мегирад;
вақти аниқи ба мақсад расиданро дошта, дигар тағйир дода намешавад;
бизнес-нақша бо иштироки худи соҳибкорони ботаҷриба тартиб дода мешаванд;
асосан равияи функционалӣ бартарият дорад.
Ғайр аз бизнес-нақшаи сармоягузор, ки мо дар боло овардем, дар аксарияти ташкилот бизнес-нақшаи ҷорӣ тартиб дода мешавад. Иншооти банақшагирии ҷорӣ ин лоиҳаи алоҳида набуда, балки фаъолияти ҷории ташкилотро, ки дар гузашта сар шуда, ҳоло давом дорад, пурра дар бар мегирад.
Хусусияти хоси ин нақшаҳо чунин мебошанд.
-
Тамоми бахшҳои фаъолияти корхонаро давоми сол дар бар гирифта, бо натиҷаҳои дар соли гузашта бадастоварда муқоиса мекунанд.
-
Ба қисматҳо ҷудо кардани давраи ҷории стратегияи ташкилот.
-
Хусусияти комплексии бизнес-нақша.
Коркарди бизнес-нақшаҳои ҷорӣ дар асоси баҳои ҳолати мавҷудаи иқтисодии ширкатҳо сар шуда, имкон медиҳад, ки вазифа ва мақсадҳои давраи наздик аниқ, муайян ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ҳисоб карда шаванд.
Ғайр аз бизнес-нақшаҳо дар ташкилот лоиҳаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (АТИ) коркард мешаванд, ки усули тартиб додани он мувофиқи дастурамали ташкилоти ЮНИДОи ТММ доир ба саноат амалӣ мегардад.
АТИ унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
шароити умумии фаъолияти ширкатҳо;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо