Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Доир ба стратегия ва нақшаи маркетинг.

Ин қисмати бизнес-нақша дар худ ҳолатҳои маркетингии ташкилот, яъне ҳаҷми бозор, унсурҳои асосии он, гурӯҳи истеъмолкунандагон, маҳсулоти серталаб, таъмин будани бозор, рақибони асосиро дар бар мегирад.

Ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки доир ба фурӯши маҳсулоти корхона пешгӯӣҳо намуда, имкони бо нишондиҳандаи миқдор ва арзиш, фурӯши мол дар бозорҳои мақсаднок муайян кардани сегментҳои ояндаи бозори моли корхона ва имкони пайдо кардани харидорони навро ба миён гузошта шавад.

Дар охири ин қисм, маҷроҳои асосии фурӯши мол дар дохили мамлакат ва берун аз он шаклҳои ҳамкории байни онҳо, имконот ва бехатарии он, инчунин захираи сармоя муайян карда мешаванд.

Доир ба арзиши аслии маҳсулот, нарх ва даромаднокии истеҳсолот, дараҷаҳои он нишондиҳандаҳо вобаста аз ҳаҷми нақшавии истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо ҳисоб карда мешаванд.

Доир ба таваккал ва роҳҳои кам кардани дараҷаи он. Таваккале, ки дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ пайдо мешавад, ин ба нобудшавӣ, вайроншавӣ ё дуздии моликият, ҳолатҳои фавқулодда ва муноқишаҳои сиёсӣ оварда, ҷараёни ороми кориро халалдор мекунанд.

Дар ин қисми бизнес-нақша ҳисоби тахминии таваккал баҳо дода, номгӯи чорабиниҳои барои кам кардани дараҷаи он, оварда мешаванд. Дар ҷамъбасти ин қисм ҳисоби даромаднокии лоиҳа вобаста аз дараҷаи таваккал оварда мешаванд.

Доир ба стратегияи молиявии ташкилот ҳангоми амалӣ гардонидани шакли нави фаъолият. Дар ин ҷо сарчашмаи таваккали захираҳои молиявӣ, аз ҷумла барориши саҳмияҳо, қарзи бонкӣ, фоида, талабот, барои истифодабарии самаранокии онҳо, муқоисаи захираҳои молиявии худӣ ва беруна, тақсимоти фоида ва ғайраҳо заминагузорӣ мешавад.

Қисми ҷамъбастӣ асосан оид ба нақшаи молиявии ташкилот, ки ифодаи пулии тамоми қисмҳои бизнес-нақша аст, муайян карда мешаванд. Дар доираи нақшаи молиявӣ бо назардошти пешгӯиҳои доимӣ ва тағйирёбанда як қатор ҳуҷҷатҳои зарурии зерин тартиб дода мешаванд: нақшаи даромадҳои гирифтани воситаҳои мақсаднок аз ташкилоти болоӣ барои иҷрои барномаҳои мақсаднок,

пешина
аз 465
навбатӣ