Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  • доир ба иқтидори ташкилот, инкишофи он дар оянда ва хароҷотҳои ба он алоқаманд; ❖ доир ба анъана эътибори корхона дар муҳити соҳибкорӣ, истеъмолкунандагон ва ташкилоти ҷамъиятӣ.

Иқтидори корхона гуфта, ин ҳаҷм ва ҳолати сармояи воқеӣ ва саҳҳомӣ, сохтор, ҳаҷм, синну сол, дараҷаи хурдашавии бино таҷҳизотҳо воситаҳои техникӣ, захираҳои моддӣ, миқдори саҳмияҳо ва тақсимоти онҳо дар байни харидоронро меноманд.

Доир ба ҳайати корхона, қоидаи интихоб, баҳодиҳии кори онҳо, пешниҳодҳо, системаи идоракунӣ ва роҳҳои инкишофи он, ҷорӣ намудани усулҳои нави роҳбарӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо иттифоқи касабаи ташкилот ва ғайра мебошад.

Доир ба фаъолияти истеҳсолии оянда ва шароитҳои зарурӣ, банақшагирии ҷорӣ намудани технологияи нав ва таҷҳизотҳои нави корӣ, сарчашмаҳо ва усулҳои таъмини талабот бо ашё, маводҳо, энергия, хароҷотҳои зарурӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолӣ, шаклҳои назорат, роҳҳои ҷорӣ намудани ПИТ ва таъмин намудани сифати маҳсулот дар назар дошта шудааст.

Доир ба маҳсулот ва хизматрасонӣ.
❖ дараҷаи техникӣ, нишонҳои сифатӣ, хусусиятҳои хос, норасоӣ ва имконот, экологӣ, бехатарӣ, мувофиқ будан ба хизматрасонӣ нисбат ба ҳолати мавҷудбуда; ❖ давраи зарурии ҳаётӣ, вақти муайян барои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани он дар истеҳсолот; ❖ мавҷуд будани сертификати маҳсулотҳо, ҳимояи патентӣ, доштани иҷозатнома, нишони молӣ, истифодабарии партовҳои истеҳсолӣ; ❖ рақобатнокӣ, меъёрҳои асосие, ки барои муборизаи рақобатӣ зарур аст (нишондиҳандаҳои техникӣ, эътимод, экологӣ, сарфакорӣ, сифат, бехатарӣ ва ғайра).

Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолатҳо тавсифи корхона муайян карда мешавад, ки рақибони худро ба миён меорад:

пешина
аз 465
навбатӣ