Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маврид дар ҳолати тағйиротҳои куллие, ки дар муҳити беруна ба вуҷуд меоянд, зарурияти тартиб додани бизнес-нақшаи нав ба миён меояд.

Мақсади асосии бизнес-нақша ин ба талаботи бозор равона сохтани фаъолияти хоҷагидорӣ корхона имконоти гирифтани захираҳои зарурӣ, муайян кардани намудҳои аниқи захираҳо, бозорҳо ва ҳолати молиявӣ мебошад.

Нисбат ба дигар шаклҳои нақшаҳо бизнес-нақша ду хусусияти махсуси худро дорад:

  1. Барои исбот кардани фоиданокии ин, ё он лоиҳа бояд диққатҷалбкунанда бошад, бартарияти ин лоиҳаро ба ҳамаи шахсиятҳои манфиатдор нишон дода тавонад, бо мақсаде, ки онҳо ин нақшаро қабул карда, дар иҷрои он иштирок намоянд.

  2. Бизнес-нақшаҳоро дар якчанд вариант месозанд.

Бизнес-нақшаи асосӣ, барои истифодаи дохили корхона таҳия гардида, дар асоси он муодилаҳои гуногун бо назардошти доираи истифодабарандагон сохта мешаванд, чунки барои ҳар як иҷрокунанда қисми ба ӯ марбут зарур аст. Мисол, барои бонкҳо, ташкилоти суғурта, ва сармоягузорон устувории молиявии ташкилот, барои харидорон сифат, шакл ва намуди молҳо, барои молтаъминкунанда ҳаҷми талаботи ашё ва маводҳо, ашёҳои хоми кимиёвӣ, қисмҳои алоҳидаи механизмҳо ва хизматҳо, барои иттифоқи касаба қисми иҷтимоии бизнес-нақша зарур мебошад.

Бо назардошти талаботи дар боло гуфташуда сохтори бизнес-нақша маҳдуд карда нашудааст. Бояд вай тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти корхона ва ояндаи онро пурра дар бар гирад.

Тамоми бизнес-нақшаҳо аз сарсухан сар мешаванд, ки дар ӯ пурра мақсаднокии бизнес-нақша гуфта шудааст.

Дар сарсухан мавқеъ ва моҳияти шакли интихоб кардашудаи фаъолият дар давраи ҳозира, инчунин ҳолат ва инкишофи ояндаи он, мӯҳлати ҳисобии чорабиниҳои ин равияҳо, фоиданокии оянда, давраҳои худхаридкунии сармоягузорӣ, кафолат ва бехатарии фаъолият нишон дода мешаванд.

Дар қисмҳои асосии бизнес-нақшаҳо ахбороти зерин кор карда мешаванд:

❖ доир ба мақсади фаъолияти соҳибкорӣ стратегияи асосӣ ва функсионалӣ;

пешина
аз 465
навбатӣ