Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Миқдори зарурии онҳо бо тарҳи он даромадҳое, ки дар ҷараёни ҷорӣ кардани барнома ба даст оварда мешаванд, ҳаҷми хароҷоти барномаро ташкил мекунанд.

Ба сифати таъминоти афзуншавии илмию техникии барнома, натиҷаи тадқиқоти илмии худи корхона, коркардҳои таҷрибавӣ ва конструкторӣ ва харидани иҷозатнома, патентҳои ихтиротҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Таъминоти моддию таҷҳизотии барномаҳоро бошад, асосан захираҳои худӣ ва беруна инчунин, захираҳое ки ба иҷора гирифта шудаанд, ташкил медиҳанд. Таъминоти захираҳои меҳнатии барномаҳо ин вобаста аз талабот ба мутахассис, ки дар он нишон дода шудааст, муқаррар мегардад.

Сарчашмаи таъмин намудан бо мутахассисон ин ҷалби коргари нав, бозомӯзӣ ва азнавтақсимкунии коргарони корхона мебошад. Таъминоти ахбории барномаҳоро бошад, ахбори маълумоҳои стратегии корхона, натиҷаи тадқиқоти махсус, баҳои экспертҳо, пешгӯиҳои гуногуне, ки дар асоси тарҳсозии риёзии ҷараёнҳои дохилӣ пешниҳод мегарданд ба ӯҳда дорад.

Ҷамъбасти ҳамаи хароҷотҳо новобаста ба сарчашмаҳои пайдошавӣ арзиши умумии барномаҳо ва зербарномаҳоро ташкил мекунанд.

Натиҷагирии оянда аз рӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии зерин дида мешаванд: фоидаи ҳисобӣ, кам кардани хароҷотҳо ва ғайра.

Асоси ҳисобҳоро баҳои экспертҳо, меъёрҳо, тарҳҳои математикӣ ва оморӣ ташкил мекунанд.

Механизми иҷрои барномаҳо аз ду унсур иборат мебошанд: танзимгарони умумӣ ва махсус, ки маҳз барои иҷрои барнома ташкил карда шудаанд.

Самаранокии ҷорӣ кардани барномаҳо бо ду роҳ баҳо дода мешавад: бо роҳи муқоисаи натиҷагирии ҳақиқӣ бо нақшавӣ ва муқоисаи натиҷагирии ҳақиқӣ ба ҳолатҳои пайдошуда.

11.4. Ташкили бизнес-нақша ва масъулиятнокии
менеҷмент

Яке аз шаклҳои махсуси нақшаи ташкилот ин бизнес-нақша мебошанд.
Асосан бизнес-нақша ба мӯҳлати 5 сол, дар вақти ташкили корхона, ё худ дар ҳолати ягон тағйироти куллӣ ба миён омадан тартиб дода мешаванд. Аксари

пешина
аз 465
навбатӣ