Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

техникӣ, иҷтимоӣ ва ғайра) ва мӯҳлати амалигардонӣ фарқ мекунанд. (миёнамӯҳлат аз 1 то 5 сол, дарозмуддат зиёда аз 5 сол).

Асосан, бо ёрии БКМ вазифаҳои стратегие ҳал карда мешаванд, ки онҳо барои ҳар як сохтори таркибии истеҳсолӣ аз ҷумлаи компутерикунонӣ, кам кардани меҳнати вазнини дастӣ, беҳтар шудани ҳолати молиявии корхона ва ғайра «худӣ» шуда наметавонанд. Роҳбарии ташкилии барномаҳо, ин дар зинаи олӣ ташкил намудани шӯъбаи махсус доир ба банақшагирӣ, молиягузорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷроиши БКМ ба ҳисоб меравад. Вобаста аз ҳаҷм ва мураккабиашон, барномаҳо дар дохилашон боз лоиҳаҳои алоҳидаро дар бар мегиранд. Ин лоиҳаҳо бошанд, дар навбати худ маҷмӯи корҳоеро дар бар мегиранд, ки иҷрои барномаро дар 2-3 сол таъмин намуда, мақсадҳо ва вазифаҳои мушаххас доранд ва онҳоро ҳам дар сатҳи функционалӣ ва ҳам дар сатҳи оҷили иҷро мекунанд.

Коркарди БКМ аз фикр карда баромадани масоилҳо ва мақсадҳои иҷрои онҳо сар шуда, баъдан ояндабинии мақсади «дарахт» сохта мешавад ва роҳҳои ба он расидан, тақсимоти захираҳо, вазифаҳо аниқ карда мешаванд, сохторҳои идоракунӣ ташкил карда мешаванд.

Барномаҳо асосан унсурҳои зеринро дар бар мегиранд:

  1. Масъалагузорӣ, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои ҳалли онҳо.

  2. Мақсадгузорӣ ва масоилҳои дохилӣ.

  3. Ҷамъбасти чорабиниҳо, ки бо захираҳо, мӯҳлати иҷроиш ва иҷрокунандагон мувофиқа карда шудаанд.

Ба ин чорабиниҳо тадқиқоти илмӣ ва риёвӣ, коркардҳои таҷрибавӣ — конструкторӣ, ташкил ва таъмиру азнавсозии иншоотҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои нав ва усулҳои нави идоракунӣ дохил мешаванд.

Мақоми асосиро дар иҷрои барномаҳо таъминоти захиравии онҳо мебозанд.

Сарчашмаи захираҳои молиявӣ ду хел мешаванд:

  1. Даромадҳо, (фоида) ҳиссаҷудокунии амортизатсионӣ, ҳиссасупориҳои худӣ.

  2. Молиягузориҳои беруна (қарз, барориши қоғазҳои қимматнок — аксияҳо ва дигар сармоягузориҳо).

пешина
аз 465
навбатӣ