Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
баҳои эҳтимолияти муваффақиятҳои стратегии корхона, ҷадвали чорабиниҳои асосии корхона;
Вобаста аз он, ки нақшаҳои стратегӣ таъминоти омӯзиши алоқамандии масъалаҳо, натиҷаи фаъолиятҳоро дар мӯҳлати дуру дароз дар бар мегирад, дар мавриди тартиб додани онҳо бояд диққати махсус ва хулосаҳои асоснок бароварда шаванд. Дар ин ҳолат бояд фаромӯш накард, ки оянда вазъият на ҳама вақт аз ҳозира хуб мешавад.
Дар шароити имрӯза дар Ғарб доираи банақшагирии стратегӣ як қатор шаклҳои зерини нақшаҳои асосиро месозанд:
-
Нақшаҳои ҷамъбастӣ, ё нақшаи стратегии асосӣ, ки номгӯи мақсадҳои асосии корхона, равандҳои ояндаи корхона, бозори фурӯши мол, баҳои сурати афзоиш, дараҷаи даромаднокӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
-
Нақшаҳои функсионалӣ, инъикоси инкишофи ояндадори равияҳои алоҳидаи фаъолияти ташкилотро нишон медиҳад, ки имкони такмили захираҳои моддӣ, молиявӣ ва захираҳои меҳнатиро доранд.
-
Нақшаҳои иқтисодӣ сохторҳои таркибии калони истеҳсолии корхона. Дар навбати худ нақшаҳои стратегӣ аксар мавридҳо шакли расмиро гирифта, аз ҳаёти воқеӣ каме фарқ карда, дараҷаи таваккал ва эҳтимолиятро дуруст ба инобат намегиранд. Бинобар ин, ҳамчун фалсафаи инкишофи ташкилот ба шумор рафта, на ҳама вақт барои фаъолияти воқеӣ асос шуда метавонанд.
Ҳисоб карда шудааст, ки ба нақшаҳои стратегӣ гузаштани ташкилот дар шароити номуайяни бозор, барои вуҷуд доштани корхона дар рақобати бозор шарти зарурӣ мебошад, аммо он ҳолат ба назар гирифта шавад, ки нақшаҳои стратегӣ бояд пайдарпай буда, системаи анъанавии банақшагириро нобуд насозад.
Барномаҳои комплексии мақсаднок (БКМ) барои ҳалли масъалаҳои ояндаи стратегии байнифункционалӣ тартиб дода мешаванд.
БКМ - ҷамъи чорабиниҳои бо ҳам алоқаманди ташкилӣ, молиявӣ, техникӣ ва иҷтимоиро меноманд, ки ба тарзи марказонидашуда бо захираҳо таъмин карда мешаванд. БКМ вобаста аз раванди функсионалӣ (иқтисодӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо