Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ягонагии ҷараёни идоракуниро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти корхона
нигоҳ медорад;
анъанаҳои расмиятпарастиро суст мегардонад.
Нақшаҳои стратегӣ ҳаракати имрӯзаи корхонае, ки ба ташаккули иқтидор ва таъмини шароити вуҷуд доштани он равона шудааст, инъикос менамояд.
Асоси нақшаҳои стратегиро таҳлили амиқи равандҳои иқтисодӣ, ҷанбаҳои заиф ва имконотҳое, ки мавҷуданд ва ҳамчунин эҳтимоли дар оянда ба вуҷуд омаданро доранд, дар бар мегирад.
Усули асосии тартиб додани нақшаи стратегӣ, ин тартиб додани «дарахт»-и мақсадҳо, кор карда баромадани моделҳои гуногуни ҳолатҳо, баҳои экспертӣ ва қолабии варианти рафторҳои иқтисодӣ мебошад.
Ҷараёни коркард ва танзими мақсадҳои стратегӣ фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:
ташаккули стратегияи асосӣ, махсусан стратегияи маркетингии корхона;
муайян кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ва хизматҳо;
бозори фурӯши мол ва таркиби он;
истеъмолкунандагон ва молтаъминкунандагон ва қоидаҳои муносибат
ба онҳо;
усулҳои муборизаи рақобатӣ;
тақсимоти захираҳои мавҷуда;
банақшагирии аниқи барномаи маркетингии корхона.
Нақшаи стандартии стратегӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
ҳисоботҳои инкишофи ояндаи корхона, хислати рақобат, тағйирёбии
муҳити берунаи корхона;
муайян кардани тарафҳои пуркувват ва камқуввати корхона;
кор карда баромадани миссияи корхона, мақсадҳои асосӣ ва стратегияи
умумии он;
нақшаи ҳаракатҳо оид ба барпо сохтани бартариятҳои рақобатӣ;
стратегияи функционалӣ ва стратегияи ҳолатҳои фавқулодда;
ҳисоботҳои захираҳои зарурӣ барои ҷорӣ кардани мақсадҳои стратегӣ ва
нақшаҳои корхона, инчунин муайян кардани сарчашмаҳо ва истифодаи
захираҳо;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо