Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
нақшаҳои дарозмуддат баромад карда, нишондиҳандаҳои онро аниқ кунонида, захираҳоро муайян месозанд.
Банақшагирии анъанавии дарозмуддат ва миёнамуҳлат дар асоси саъю кӯшиши мавҷудаи инкишофи корхона, бо назардошти доимӣ будани муҳити берунаи он, инчунин нишонагирӣ ба сафарбаркунӣ ва нишонагирӣ ба иқтидори захиравии корхона гузаронида мешавад.
Тартиботи чунин шакли банақшагирӣ дар асоси муайян кардани қадамҳо барои ноил гаштан ба мақсадҳои ташкилот дар оянда қабул карда мешаванд. Коркарди ин нақшаҳо дар асоси масъалагузории ояндадор, ки захираҳои мавҷудаи корхона, сиёсати иқтисодии он, қоида ва тартиботи он дар назар гирифта мешаванд ҷараён мегирад. Баъд аз он коркарди вариантҳои гуногуни нақшаҳо оғоз ёфта, аз ҳама варианти муносиб бо аниқ кардани буҷа, ҷадвалҳо ва қарорҳои стандартии он қабул карда мешаванд. Вале солҳои охир номуайянии бозор ва суръати баланди инкишофи илму техника имкон намедиҳад, ки фаъолиятҳоро аниқ гардонем. Чунин ҳолат, ҳатто барои ояндаи наздик ғайриимкон мебошад.
Зиёд шудани номуайянӣ асосан дар муҳити берунаи ташкилот дида мешаванд, ки аз қисмҳои зерин иборат мебошанд:
❖ пайдоиши имконоти беҳудуди афзоиши истеҳсолот;
❖ зиёд шудани дифференсиатсияи тафриқаи талабот;
❖ афзоиши рақобати баланди бозори фурӯш ва аз худ кардани захираҳо;
❖ глобализатсияи ҳаёти соҳибкорӣ;
❖ имконоти васеи ахбори илмию техникӣ ва иқтисодӣ;
❖ мақоми куллан нави одамон дар истеҳсолот, вобаста аз ин афзудани имконотҳои эҷодии одамон ва фаъолшавии онҳо.
Усулҳои кам кардани таъсири омилҳои дар боло номбаршуда ин гузариш ба сатҳи банақшагирии стратегӣ мебошад.
Имрӯзҳо банақшагирии стратегӣ функцияҳои зеринро иҷро мекунад:
❖ дар фикрронии менеҷерон ва ҳайати корхона эҷодкорӣ ва рафтори ояндабиниро пайдо месозад;
❖ ташаккул ва ҷорӣ намудани сиёсати соҳаи маркетингро таъмин месозад;
❖ барои назорати стратегӣ шароит муҳайё месозад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо