Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баромад карда, онҳоро мутобиқ мекунонад ва якҷоя ба стратегияи коркардан роҳбарият нақшаҳои корхонаро тартиб медиҳанд. Асосан, ҷараёни банақшагирӣ бисёртар аз дараҷаи марказонидашудаи системаи идоракунӣ вобаста мебошад.
Агар системаи идоракунӣ пурра марказонидашуда бошад, банақшагирӣ низ марказонидашуда мебошад, ва агар не, баръакс.

Дар аз се ду ҳиссаи ширкатҳои амрикоӣ банақшагирӣ бо усули аз поён ба боло гузаронида мешавад.

11.3. Шаклҳои банақшагирӣ ва барномаҳои
комплексии мақсаднок

Вобаста аз мӯҳлати амалӣ гаштанашон нақшаҳо ба нақшаҳои дарозмуддат; миёнамуддат, кӯтоҳмуддат ҷудо карда мешаванд. Вобаста ба мақсадҳои стратегӣ бошад, ба нақшаҳои стратегӣ, тактикӣ ва оҷилӣ ҷудо карда мешаванд. Нақшаҳои дарозмуддат ва миёнамуддат ба намуди нақшаҳои стратегӣ дохил шуда, бо мӯҳлати зиёда аз як сол тартиб дода мешаванд.

Дар доираи нақшаҳои дарозмуддат (5-10 сол ва зиёда аз он) концепсияи инкишофи корхона дар оянда тартиб дода мешавад. Ин концепсия ҳалли масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
муайян кардани суръати афзоиши корхона; интихоби доираи фаъолият; истеҳсоли маҳсулоти нав ва хизматрасонӣ; роҳҳои нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани ҷои корхона дар бозор; фоидаи максималӣ; афзоиши экспорт; инкишофи инқилоби илмию техникӣ (ИИТ); зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхона ва ғайра.

Нақшаҳои дарозмуддат асосан дар шакли интихоби гурӯҳҳои мақсадҳо, барномаҳои комплексии мақсадҳо ва нақшаҳои стратегӣ тартиб дода мешаванд.

Вазифаҳое, ки дар нақшаҳои ояндадор гузошта мешаванд, дар нақшаҳои
миёнамуҳлати аз 1 то 5 сола аз рӯи вақт, захираҳо ва иҷрокунандагон дар шакли
миқдорӣ аниқ карда мешаванд. Пас, нақшаҳои миёнамуҳлат ҳамчун лоиҳаи

пешина
аз 465
навбатӣ