Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳисоботӣ - оморӣ.
  2. Таҷрибавӣ - истеҳсолӣ.
  3. Аналитикӣ - ҳисобӣ.
  4. Усули риёзии банақшагирӣ. Дар асоси шаклҳои гуногуни системаи тарҳӣ ҳисоби муносиби иҷрои нақша муайян карда мешавад. Усули риёзӣ дар навбати худ ба усулҳои оддӣ, қиёсӣ, оморӣ, коррелятсия, риёзӣ-таҳлилӣ, комёбӣ ва ғайра ҷудо мешавад.

Дар асоси усули омории банақшагирӣ, ташкилот имкон дорад, ки даромади ояндаи корхона, ҳисоби миёнаи миқдории фоизи аксияҳо, кредит ва ғайра муайян намояд. Маҳз дар соҳаи молиявӣ усули оморӣ мақоми асосӣ дорад.

  1. Усули ҷадвалии банақшагирӣ. Асоси ин усули ҷадвали номгӯи корҳо ва фаъолиятҳое мебошанд, ки барои ба мақсад расидан иҷро карда мешаванд. Ҳар як фаъолият, ё кор ҳолати объекти идоракуниро мефаҳмонад. Ҳолати объект ба 3 шакл тақсим карда мешаванд:

  2. Ҳолати аввала.

  3. Ҳолати корӣ.

  4. Ҳолати натиҷавӣ.

Дар асоси сохтани ҷадвалҳои банақшагирӣ роҳи ҳаракати ин, ё он фаъолият, ё кор нишон дода шуда, инчунин омилҳои ба он таъсиррасонанда муайян карда мешаванд. Ҷадвалҳои нақшавӣ метавонанд, ки таҳлили назоратӣ буда, дар вақти банақшагирии дарозмуддат хеле хуб истифода карда шаванд. Махсусан, солҳои охир дар асоси барномаҳои махсуси компютерӣ ин усул дар банақшагирӣ хеле васеъ истифода карда мешавад.

Ҷараёни имрӯзаи банақшагирӣ дар ширкатҳои хориҷӣ аз рӯи пешниҳоди мутахассисон характери интерактивӣ доранд, ки дар тартиботи зерин амалӣ мегардад:

  1. Дар навбати аввал маъмурияти ширкат бо якҷоягии роҳбарияти корхонаҳои дохилӣ ояндабинии муҳити берунаро аниқ карда, вобаста аз ин мақсад ва инкишофи стратегии ширкатро муайян месозанд. Баъд аз он ин нишондиҳандаҳо то зинаи сохторҳои таркибии ширкат равон карда мешаванд, ки барои коркарди нақшаи корхона нишондиҳандаҳои асосӣ мегарданд. Кумитаи банақшагирӣ, ё шӯъбаи банақшагирии ширкат ҳамчун маслиҳатчӣ ва миёнарав
пешина
аз 465
навбатӣ