Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
шавад. Ҳамоҳангсозии буҷа, муайян кардани фарқият аз нақша, назорати оҷилӣ, чорабиниҳо, танзимдории асосии идоракунии буҷавӣ мебошанд.
- Усули балансии банақшагирӣ ин ташкили баланси захираҳо ва тақсимоти онҳо, яъне он захираҳое, ки барои ташкилот дар давраи иҷрои нақша зарур мебошанд. Агар захираҳо нисбат ба талабот нокифоя бошанд, он гоҳ сарчашмаҳои дигари захираҳо пайдо кардан зарур мебошад.
Бо сабабе ё баҳонае кам будани захираҳо ва аз назар дур мондан, ба натиҷаи манфии кори корхона оварда мерасонад, ё барзиёдатии захираҳо боиси ғайрисамаранок истифодабарии онҳо мегардад. Бинобар ин, яке аз талаботи асосӣ ин қоидаи нигоҳдории баланси захираҳо мебошад. Баланс ин ҷадвали дутарафаи буҷавиро меноманд, ки дар як тарафаш истифодаи захираҳо ва дар тарафи дигараш сарчашмаи пайдоиши онҳо нишон дода мешавад.
| Сарчашмаи захираҳо | Тақсимоти захираҳо |
|---|
- Бақия дар аввали сол, ё давраи ҳисоботӣ | 1. Истифодаи ҷорӣ
- Фурӯши беруна
- Дохилшавии беруна | 3. Захираи эҳтиётӣ
- Сарфаи дохила | 4. Дар охири сол, ё давраи ҳисоботи
- Захираҳои эҳтиётӣ | боқимонда
Баланс | Баланс
Расми 4. Ҷадвали балансӣ.
- Усули меъёрии банақшагирӣ. Асоси банақшагириро барои дарки муайян, бамеъёргирии захираҳои гуногун ба як воҳиди маҳсулот ташкил мекунад. Меъёрҳо дар навбати худ натуравӣ, арзишӣ ва вақтӣ мешаванд.
Ҷараёни банақшагирӣ дар асоси ҳисоб кардани меъёри хароҷоти захираҳо ба як воҳиди маҳсулот ба нисбати миқдори умумии он муайян карда мешавад.
Усули меъёрии банақшагирӣ мустақилона амал карда, инчунин, ҳамчун усули ёридиҳандаи буҷавӣ истифода карда мешавад.
Усули меъёрии банақшагирии захираҳои моддӣ бо се роҳ гузаронида мешавад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо