Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ёвандагӣ — қоидаи банақшагирӣ, ки имкони дар ҳама гуна ҳолатҳо тағйир додан ва танзим кардани нақшаҳоро дорад. Барои таъмин намудани ёвандагии нақшаҳо махсус ҷойҳои холиро боқӣ мегузоранд, ки имкони иҷрои ин қоидаро амалӣ мегардонад.

  2. Ҳамоҳангсозӣ ва баҳамоии фаъолияти нақшавии байни сохторҳои таркибии истеҳсолӣ.

  3. Сарфакорӣ — яке аз қоидаҳои банақшагирӣ буда, хароҷотҳои барои тартиб додани нақша сарфшуда бояд аз самаранокии вай кам бошанд.

  4. Раванди ташкили шароити зарурӣ барои иҷрои нақшаҳо — ташкилӣ, захиравӣ ва идеологӣ.

Мақсади асосии банақшагирӣ ин муайян кардани қарори муносиби ҳалли масъалаҳо дар шароити мавҷудбуда ба миён омада мебошад. Чунин мақсад доимо насиб намегардад, агар мо барои иҷрои он кӯшиш нанамоем. Интихоби роҳи муносиб дар асоси пайдарпайии гузариш аз як қарор ба қарори дигар сурат мегирад. Дар шароити имрӯза усулҳои зерини тартиб додани нақшаҳо вуҷуд доранд: буҷавӣ, балансӣ, меъёрӣ, риёзӣ, оморӣ, ҷадвалӣ.

  1. Усули буҷавии банақшагирӣ. Дар асоси тартиб додани ҷадвалҳои буҷавие, ки дар он ҳаракати ояндаи захираи корхона ё ин ки натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ нишон дода мешавад. Мисол, тақсимоти захираҳо байни сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ё ин ки фаъолиятҳои алоҳида.

Усули буҷавӣ дар навбати худ ба се шакл ҷудо карда мешаванд:

натуравӣ-молӣ;

арзишӣ;

меҳнатӣ.

Дар ин маврид фурӯши молҳо, захираи моли тайёр, истеҳсол, талабот ба моли истеҳсолшуда, хароҷотҳои тиҷоратӣ, маъмурӣ, фоида, воситаҳои пулӣ, маблағгузории сармоявӣ, қувваи коргарӣ ва ғайра бо роҳи буҷавӣ ба назар гирифта мешавад.

Усули буҷавӣ имкон медиҳад, ки натиҷаи истеҳсолот, захираҳо, фурӯш,
харид, хароҷотҳои истеҳсолӣ назорат карда шавад, ҳамчунин самаранокии
истифодаи захираҳо муайян карда шуда, хоҷагидории ғайрисамаранок огоҳ карда

пешина
аз 465
навбатӣ