Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани фарқият аз нақша ислоҳ, ё ин ки қарори нав қабул карда мешавад. Вале ҳангоми набудани тағйирот давраи дигари иҷрои блок-схема сар мешавад.

Мавҷуд набудани робитаи мутақобили иҷроиши қарор дар ҳар як давраи корӣ боиси он мегардад, ки дар давраҳои дигари иҷроиши ин қарор мумкин, ки моҳияти худро гум карда, ба дигар тараф майл намояд. Барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо системаи назоратии иҷрои қарор бояд чунин ташкил карда шуда бошад, ки таълим баҳои миқдорӣ ва сифатии ҳар як давра, ё худ давраи иҷроиши он муҳокима ва баҳособгирӣ карда шавад. Дар натиҷа мо метавонем, ки ба сӯи мақсади асосӣ ҳаракат намоем.

Қарори идоракунӣ дар системаи менеҷмент ҳамчун маҳсулоти меҳнати идоравӣ мебошад. Самаранокии идоравӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти идоравӣ ва хароҷот муайян карда мешавад.

Бинобар ин сифати иҷрои қарори идоракунӣ нишонаи баҳои хуби қарори идоракунӣ мебошад.

Нишондиҳандаи сифатии иҷрои қарори идоракунӣ, пеш аз ҳама тавсифи фаъолияте мебошанд, ки баъди ҷорӣ намудани қарори идоракунӣ дар корхона пайдо мешаванд.

Барои он ки қарори идоракунӣ самаранок иҷро шуда ва натиҷаи мусбӣ диҳад, бояд ки худи он дорои хислатҳои сифатии асосноккардашуда, саривақтӣ, ҳақиқӣ, ратсионалӣ, ҳуқуқӣ — вазифавӣ, муқобилияти дохила надошта бошад.

Талаботи асосие, ки дар вақти иҷрои қарори идоракунӣ зарур мебошанд, ба тартиби зайланд:

Талаботи аввал ба саривақтӣ будани қарор вобаста аст, яъне қабул ва иҷрои он бояд ба муҳит ва давраи иҷро мутобиқат намояд. Аксар вақт қарорҳое пайдо мешаванд, ки мӯҳлати иҷрои онҳо гузаштааст, ё ин ки коре, ки тобистон бояд иҷро мешуд, дар зимистон пешниҳод мекунанд, ки ин, албатта, мантиқи худро гум мекунад. Ё ҳолатҳое мешаванд, ки ҷараёни қабули қарор чунон тӯл мекашад, ки дар 1-2-3 сол татбиқи худро намеёбанд. Мисол, мо мушоҳида мекунем, ки дар натиҷаи боронгарӣ як қисми қитъаи заминро сел бурдааст. Ба ин диққат надода қарор қабул намекунем. Соли 2-юм нисфи дигарашро об мебарад ва танҳо соли 3-юм мебинем, ки дигар илоҷ надорем, агар роҳи обро

пешина
аз 465
навбатӣ