Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
набандем, худамонро мебарад, баъд корро сар мекунем. Дар чунин як вазъият иҷрои қарори хом ғайриимкон ва воқеӣ нест. Чунин мисолҳо хеле зиёд мебошанд. Бинобар ин талаботи асосие, ки дар вақти иҷроиши қарори идорӣ нақши муҳим мебозад, ин «саривақтӣ» будани қарор мебошад.
Талаботи дуввум он аст, ки зиддият надоштан ба қарорҳое, ки мо каме пеш қабул кардаему ҳоло натиҷаашро хуб ҳам надидем. Бинобар ин, пеш аз қабули қарор ва саршавии иҷро он бояд, ки ҳамаи ҷузъҳои истеҳсолии ин қарор мутобиқ кунонида шавад.
Талаботи сеюм ҳақиқӣ будани муҳлати иҷроиши он аст. Мувофиқи қоидаи менеҷмент ҳар як фаъолият аз рӯи меъёрҳои физиологӣ, иқтисодӣ ва табиӣ сурат гирифта, ба сифату самаранокии захираҳо зарари худро нарасонад. Инчунин мо бояд муҳлати оптималиро интихоб намоем, ки самаранокии истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявиро таъмин гардонад. Дар амали роҳбарони корхонаҳои Тоҷикистон аксар вақт, мо ҳолатҳое мушоҳида мекунем, ки муҳлатҳо воқеӣ нестанд ва коргарон то 12-14 соат кор мекунанд, хулоса замони шӯравии нақшавиро ба ёд меоранд, ки қабули ғайриимкони нақшаи истеҳсол, инчунин аҳвол қариб тамоми корхонаҳоро фаро гирифта буд.
Талаботи чоруми иҷроиши қарор қонунӣ будани қарори идоракунист. Барои он ки қарор амалӣ гардад, пеш аз ҳама вай бояд дар асоси қонун аз тарафи органҳои салоҳиятдор қабул карда шавад. Вобаста ба иерархияи идоракунӣ, ҳар як шахси вазифадор бояд дар робита бо зинаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои вазифавии худ қарор қабул намояд, дар он сурат иҷроиши он воқеӣ мегардад.
Талаботи панҷум мавҷудияти муҳити хуби иҷтимоӣ-рӯҳӣ дар корхона дар ҳолати татбиқи қарор ба ҳисоб меравад. Бисёр ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар корхона моҳҳои дароз коргарон маош нагирифтаанд, ё ин ки шароити хуби корӣ вуҷуд надорад, кадом қарори хубе, ки шумо пешниҳод мекунед, иҷрои он ғайривоқеӣ мебошад. Яъне, агар коргар онро бо дили гарм иҷро намояд, тамоман дигар сифату муҳлат дорад ва агар не на сифату дораду на дар муҳлати муайяншуда иҷро мегардад.
Талаботи шашум назорат ва баҳои ҳар як давраи иҷроиши қарор мебошад, ки мувофиқи талаботи менеҷмент ҳар як татбиқи он бояд назорат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо