Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
карда шуда, баҳо дода шаванд. Натиҷаи иҷрои он муҳокима шуда, иҷрокунандагон бояд ҳавасманд карда шаванд. Иҷрои ин талабот боз имкони иҷрои саривақтии давран дигари қарорро таъмин месозад.
Барои таъмини саривақтии иҷроиши қарори идоракунӣ ғайр аз талаботи дар боло номбаркардашуда, бояд менеҷменти корхона кори худро дар равияҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-рӯҳӣ ва ташкилӣ аз рӯи равандҳои зерин таъмин намояд:
Доир ба раванди иқтисодӣ:
-
Истифодаи пурраи манфиати иқтисодии иштирокчиёни ҷараёни коркард ва иҷрои қарор.
-
Истифодаи самаранок ва мақсадноки захираҳо дар ҳамаи давраҳои иҷроиши қарор.
Доир ба раванди иҷтимоӣ - рӯҳӣ:
-
Баланд бардоштани қобилияти касбии роҳбарон.
-
Асосноккунии илмии ташаккули коллективҳои меҳнатӣ.
-
Инкишофи ҳавасмандӣ ва фаъолгардонии эҷодии коргарон.
-
Васеъгардонии иштироки ҳайати корхона дар ҳама давраи иҷроиши вазифаҳо.
Доир ба раванди ташкилӣ:
-
Беҳтар кардани ташкили меҳнати коргарони идоравӣ.
-
Беҳтар кардани ташкили ҳаракат ва истифодаи воситаҳои корхона.
-
Банақшагирии ҷараёни коркард ва иҷрои қарор.
-
Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарони идоравӣ.
-
Кам кардани хароҷотҳои молиявӣ ва меҳнатӣ дар коркард ва қабули қарори идоракунӣ.
-
Беҳтар кардани назорат ва баланд бардоштани ҷавобгарии роҳбарон ва иҷрокунандагони қарор.
Ҳамчунон қайд гардид, ҷараёни қабули қарори идоракуниро дар солҳои охир дар корхонаҳои пешқадам ва байналхалқӣ дар шакли моделҳои риёзӣ ё худ барномавӣ иҷро менамоянд, ки яке аз роҳҳои самараноки иҷроиш ва назорати қарори идоравӣ дар оянда ба ҳисоб меравад.
Модели коркарди ахбор ва идоракунии ахбории ҷараёни идоракунӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо