Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Вобаста ба ин ду шакли ширкат дар навоварӣ ширкати сармояи таваккалӣ ва ширкатҳои хурди навоварӣ, ки аз тарафи сармояи таваккалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иштирок мекунанд.
Сармояи таваккалӣ дар иқтисодиёти бозорӣ нақши калон мебозад. Ин сармоя рақобати соҳибкориро метезонад, зеро яке аз мушкилоти асосии корхонаҳои хурд нарасидани маблағ барои истеҳсоли маҳсулоти нав мебошад. Аз ин рӯ, фирмаҳоро бо захираҳои молиявӣ ширкатҳои сармояи таваккалӣ таъмин мекунанд.
Сармояи таваккалӣ бо як қатор хусусияташ аз дигар сармояҳо фарқ мекунад:
-
Сармояи таваккалӣ аз рӯи қоидаи «Ҳар чи бодо бод» амал мекунад, яъне шахсе, ки сармоя медиҳад, омода аст, ки дар вақти барор нагирифтани кор аз баҳри маблағи гузоштааш гузарад.
-
Ҳангоми баробар шудани кор фоидаи дучанд мегирад.
-
Сармояи таваккалӣ ба мӯҳлати 3-5 сол, инчунин аз 5 то 10 сол дода мешавад.
-
Сармояи таваккалӣ на дар шакли предмет, балки ҳамчун ҳаққи аъзогӣ барои ширкатҳои хурд дода мешавад. Корхонае, ки сармояи таваккалӣ додааст, ҳақ дорад, ки мувофиқи сармояи гузошта аз фоидаи корхона қисмашро барои худ бигирад.
-
Ҳавасмандии асосии соҳиби капитали таваккалӣ дар он аст, ки вай на танҳо ҳамчун соҳибкор, балки ҳамчун муассис низ саҳм гузошта, даромад мегирад.
-
Хусусияти дигари сармояи таваккалӣ дар он зоҳир мегардад, ки сармоягузор барои барори кори корхонаи нав хеле ҳам манфиатдор мебошад. Бинобар ин, барои корхонаи хурд аз нигоҳи роҳбарӣ ва додани маслиҳату машваратҳо доимо кӯмак намуда, ҳамчунин дигар хизматҳои кордониву корбарӣ мерасонад.
-
Намояндаи корхонаи сармояи таваккалӣ дар ҳайати Шӯрои маъмурияти корхонаҳои хурд дохил мешавад, лекин ба кори он бояд халал нарасонад. Дар айни ҳол доир ба самтҳои дурусти хароҷоти сармоя ва масъалаҳои идоракунӣ ёрӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо