Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бисёре аз қисматҳои таваккалие ки дар боло номбар карда шудаанд, барои Тоҷикистон хос буда, натиҷаи бӯҳрони иқтисодию сиёсии солҳои 90-уми асри XX мебошанд.

Шаклҳои таваккале, ки аксаран дар фаъолияти корхонаҳо пайдо мегардад инҳо мебошанд:

вобаста аз сиёсати ғайриустувори иқтисодӣ дар мамлакат;

паст шудани дараҷаи иқтисодӣ;

кам шудани дараҷаи кадрӣ;

гум шудани эътибори корхонаҳо;

гум шудани даромади корхонаҳо аз афзоиши дараҷаи ғоратгарӣ;

гум шудани идорашавадагии корхона;

паст шудани сифати маҳсулот;

тағйир ёфтани омилҳои берунаи иқтисодӣ.

Асосноккунии таваккал дар ҷараёни идоракунӣ. Дар ҳолатҳои бӯҳрони иқтисодӣ бисёр таваккалҳое пайдо мешаванд, ки аз рӯи мазмун, сарчашмаи пайдоиш, эҳтимолият, ҳаҷми зарар ва дигар нишонҳо соҳибкории алоҳида ва ё иқтисодиётро пурра дарбар мегиранд.

Бинобар ин барои мо зарур мебошад, ки дар идоракунӣ мутахассисони касбии таваккал — менеҷерҳоро тайёр намоем.

Идоракунии таваккал гуфта, ҷараёни коркард ва амалияи қарорҳои таваккалии идоракуниро меноманд.

Қарорҳои таваккалӣ гуфта - қарореро меноманд, ки дар ҳолати номуайянӣ қабул карда мешаванд, агар эҳтимолияти натоиҷ маълум бошад. Қабули қарори таваккалӣ гуфта, асосноккунии ҳаматарафа, инчунин эҳтимолиятҳо ва параметрҳои таваккалиро меноманд. Инчунин ҷараёни кор карда баромадани системаи ҷавобгарӣ доир ба идоракунии таваккал низ дар назар дошта мешавад.

Стратегияи идоракунӣ сиёсатест, ки имконот ва асосҳои қонунии иҷрошавии таваккали идоракуниро бунёд ниҳода, барои навоварӣ шароит пайдо месозад.

Дар корчалонӣ доир ба навоварӣ ду шакли соҳибкорӣ дида мешавад: соҳибкории молиявӣ ва навоварии худӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ